Дар рӯзҳои истироҳатӣ сокинони Тоҷикистонро ҳавои офтобӣ интизор аст

Имрӯз, 20 январ дар ҷумҳурӣ ҳаво офтобӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо фаромадани туман ва дар баъзе ҷойҳо вазиши сахти бод дар назар аст. 

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво офтобӣ шуда, шамол аз самти шарқ 4-9 ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 2-3 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда гашта, дар ғарби вилоят шабона 4-9 дараҷа сард  ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 18-23 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои офтобӣ пешбинӣ гашта, дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 3-2 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-2 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар пойтахт ҳаво офтобӣ шуда, ҳарорат шабона 1-1 ва рӯзона 14-16 дараҷа гарм хоҳад шуд.

АМИТ "Ховар"