Дар Сарбанд беш аз якуним тонна маводи доруворӣ нобуд карда шуд

Кормандони Раёсати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Хатлон маводи доруворӣ ва ороишию гигиении муҳлати истифодаашон гузаштаро дар партовгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа, воқеъ дар шаҳри Сарбанд ба таври сӯзондан нобуд карданд.
Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, 21 номгӯй ё 13 ҳазору 006 адад маводи муҳлати истифодаашон гузашта аз тарафи муассисаҳои фармасевтӣ ва пешгирию табобатӣ пешниҳод карда шуда, 143 номгӯй ба миқдори 14 ҳазору 005 адад дар вақти санҷиши мутахассисони раёсат аз муассисаҳои фармасевтӣ ва пешгирию табобатӣ гирифта шуданд.
Дар маҷмӯъ, 1560 кг маводи доруворӣ ба комиссия оид ба нобуд намудани маводи доруворӣ ва гигиению ороишӣ пешниҳод гардида, дар ҳузури комиссия сӯзонида шуд.

АМИТ "Ховар"

Tags: