Давоми семоҳаи аввали соли 2017 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар вилояти Суғд 403,5 млн. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 105,7 фоиз баробар мебошад.
Тавре аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар доданд, то 1 апрели соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 10940 тонна гӯшт, 64787 тонна шир, 36,2 млн. дона тухм, 17,5 тонна моҳӣ, 212,7 тонна пашм ва 217,8 тонна сабзавот истеҳсол гардида, нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта афзоиши ҳамаи номгӯи маҳсулот таъмин карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии зироат, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ба хоҷагиҳои деҳқонӣ пешниҳод намудани маслиҳатҳои муфиду маълумоти соҳавӣ аз ҳисоби роҳбарону мутахассисони сохторҳои марбута намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба шаҳру ноҳияҳо вобаста ва сафарбар карда шуданд.
АМИТ "Ховар"