Дар таркиши Кобул 4 кас кушта шуд

Дар шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таркиш ба амал омадааст, ки дар натиҷа 4 нафар ба ҳалокат расида, чандин нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Дар ин хусус Вазорати корҳои дохилии ин кишвар иттилоъ дода гуфтааст, маргталаб маводи таркандаи ҳамроҳашро дар яке аз ҷойҳои муқаддаси шаҳр инфиҷор додааст. Гуфта мешавад чандин мошинҳои сабакрав низ аз инфиҷор зарар дидаанд.

Tags: