Дар вилояти Суғд Рӯзҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мешаванд

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як гурӯҳ шоирону нависандагон, роҳбарони гурӯҳҳои фолклорию этнографӣ, бофандагону косибон ва намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеаро, ки аз 21 то 26 август дар Рӯзҳои фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд ширкат мекунанд, ба ҳузур пазируфт. Раиси вилоят гуфт, ки «соли гузашта бештар аз 300 нафар сокинони вилояти Суғд ба Бадахшон омада буданд ва ҳамаи онҳо дар хонаҳои сокинони маҳаллӣ ба муддати як ҳафта иқомат карда, ба чашмаҳои шифобахш, қалъаҳои бостонӣ ва мавзеъҳои таърихии ин диёр сафар намуданд. Акнун бо даъвати бародарону хоҳарони суғдӣ зиёда аз 800 нафар бадахшониён 20 август озими сафари вилояти Суғд мешаванд ва давоми як ҳафта дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Панҷакент, Конибодом, Хуҷанду Истаравшан ва Исфара сайру саёҳат ва истироҳат мекунанд».
Ҳамзамон дар доираи ин рӯзҳо дар шаҳри Хуҷанд маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои дастӣ, таомҳои хоси тоҷикони кӯҳистон ба намоиш ва фурӯш гузошта мешаванд.  Ансамблҳои рақсӣ, созию овозӣ ва фолклорию этнографӣ бо барномаҳои рангину ҷолиб дар боғи фарҳангӣ ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

АМИТ "Ховар"