Дар вилояти Суғд воридоти ғайриқонунии молҳо пешгирӣ карда шуд

Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд  аз ҳавлии шаҳрванд Д. Н., воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маводи зиёди хӯрокворӣ, аз қабили қанди навъи «Карамелкино», «Дюшес», «Бим-Бом»-и истеҳсоли Ҷумҳурии Украина, консерваҳои гӯштии истеҳсоли Қазоқистон, равғани зайтуни истеҳсоли Туркия, нахӯди сабзи навъҳои «Агростар», «Экостар» ва «Экос»-и истеҳсоли  Молдова, консерваҳои навъи «Сайра», ҷуворимаккаи ширини истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин, шпроти навъи «Голд»-и истеҳсоли Латвия, шоколади навъи «Вечер», қиёми шири навъи «Варёнка» ва консерваи гӯшти гӯсфанди истеҳсоли Русия ба миқдори зиёд дарёфт карда шуд.

Муайян гардид, ки маҳсулоти мазкур ба шаҳрванд А.А., соли таваллудаш 1979, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд тааллуқ дошта, ин шаҳрванд молҳои мазкурро ба воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес- бенс Спринтер» аз Ҷумҳурии Қирғизистон тариқи роҳҳои ғайрирасмии ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бидуни назорати гумрукӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудааст.

Тибқи хулосаи Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд арзиши умумии маҳсулот 207 ҳазору 183 сомонро ташкил медиҳад.

Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд А. А бо моддаи 289-и қисми 1-и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз  шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи вилояти Суғд фиристонида шуд.

Tags: