Дар Женева дастовардҳои соҳаи савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд

Дастовардҳои соҳаи савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз дар ҷаласаи солонаи 53-юми Гурӯҳи муштараки машваратии Маркази Байналмилалии Савдо дар шаҳри  Женева муаррифӣ гардиданд.

Зимни суханронӣ муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар ҷаласаи солонаи 53-юми Гурӯҳи муштараки машваратии Маркази Байналмилалии Савдо (МБС) дастовардҳои соҳаи савдои мамлакатро баъд аз шомилшавӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) муаррифӣ намуд.

З. Завқизода аз ҳамкории судманд бо ҷониби МБС изҳори қаноатмандӣ намуда, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар доираи иҷрои ҳадафу афзалиятҳои ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар, махсусан дар самтҳои иштироки ҷумҳурӣ дар СУС, тақвияти рушди содирот, тезонидани ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва содагардонии расмиёти савдо муаррифӣ намуд.

Зикр гардид, ки дар натиҷаи ислоҳоти татбиқгардида ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ аз 20% дар соли 2015 ба 25,4% дар соли 2018, шарикони савдои мамлакат аз 90 ба 110 ва номгӯи маҳсулоти содиршуда аз 150 ба 480 адад зиёд шуданд.

Дар доираи кумакҳои техникӣ ва молиявии МБС иштироки зиёда аз 1200 нафар кормандони вазорату идораҳо ва намояндагони бахши хусусӣ дар семинарҳои омӯзишӣ, таҳияи лоиҳаи Стратегияи рушди саноати нассоҷӣ ва дӯзандагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025 ва таъсиси Портали Савдои Тоҷикистон ҳамчун корҳои иҷрошуда зикр гардиданд.

Иштирокчиёни ҷаласа ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти савдо ва иштироки фаъолона дар фаъолияти СУС баҳои баланд доданд. Маркази Байналмилалии Савдо омодагии худро барои зиёд намудани кумаку дастгириҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самтҳо иброз намуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: