Дархости Рустами Эмомалӣ аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дархост намуд. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ин дархост бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии мақомоти мазкур роҳандозӣ шудааст.

АМИТ "Ховар"