Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бар дастаи Чин бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аввалин ғалабаи худро дар бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё оид ба футбол, ки дар Баҳрайн идома дорад, ба даст овард. Дар бозии дуюми худ дар варзишгоҳи миллии Баҳрайн футболбозони мо бо дастаи мунтахаби Чин вохӯрда, бо ҳисоби 2:0 ғалаба карданд. Дар дақиқаи 3-юми вохӯрӣ баъди зарбаи ҷаримавӣ Эҳсони Панҷшанбе ҳисобро кушод. Дар нимаи дуюми бозӣ, дар дақиқаи 65-ум Нуриддин Ҳамроқулов тӯби ба сӯяш партофтаи Эҳсони Панҷшанберо бо зарбаи сар вориди дарвозаи футболбозони Чин гардонд. Дар натиҷа футболбозони тоҷик дар силсилаи ин рақобатҳо соҳиби се имтиёз гаштанд ва акнун 21 октябр бо дастаи мунтахаби Австралия қувва меозмоянд.
Дар бозии дигари ин гурӯҳ дастаҳои Австралия ва Ӯзбекистон бо ҳам вохӯрданд. Дар бозӣ футболбозони ӯзбек бо ҳисоби 3 бар 2 ғолиб омада, бе назардошти бозии охиринашон бо тими мунтахаби Чин ба бозиҳои чорякниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
Акнун рӯзи 21 октябр дар вохӯрии асосии ҳалкунанда барои роҳхати дуюм аз гурӯҳи «Д» дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Австралия вориди майдон мешаванд. Натиҷаи мусовӣ барои ба даври чорякниҳоӣ роҳхат гирифтани дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон кофӣ аст. Дар ин рӯз футболбозони Ӯзбекистон бо Чин қувва месанҷанд.
Ёдрас мешавем, ки дар бозии нахустин дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз дастаи мунтахаби Ӯзбекистон бо ҳисоби 2:1 мағлуб шуда буд.

Tags: