Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо олимпичиёни Амороти Муттаҳидаи Араб бозии дӯстона анҷом медиҳад

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2020  дар Амороти Муттаҳидаи Араб ду бозии дӯстонаи худро бо дастаи мунтахаби олимпии ин кишвар барпо менамояд.

Олимпичиёни тоҷик таҳти роҳбарии  Усмон Тошев давраи навбатии ҷамъомади таълимӣ-машқии худро дар АМА мегузаронанд. Дар ҷараёни машқҳо рӯзҳои 8 ва 11 март дар шаҳри Дубай бозии таҷрибавии худро бо дастаи мунтахаби олимпии АМА анҷом медиҳанд. Ин яке аз охирин давраҳои омодабош ба Бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё маҳсуб хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё дар шаҳри Тошканди ҷумҳурии Ӯзбекситон аз 22 то 26 март баргузор мегарданд ва дар гурӯҳи «F» дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон ширкат меварзанд.

Тибқи низомномаи мусобиқа, 11 дастаи ғолиби гурӯҳҳо ва 4 дастаи беҳтарини ҷои дуюм ба бозиҳои финалии Чемпионати Осиё, ки аз 8 то 26 январи соли 2020 дар Таиланд мегузаранд,  роҳхат мегиранд.

Дар сурати соҳиби ҷои аввал шудан ё ба қатори 4 дастаи беҳтарини зинаи дуввум ҷойгир шудани мизбони бозиҳо-дастаи мунтахаби Таиланд  дастаи панҷуми беҳтарини ҷои дуюм ҳуқуқ пайдо мекунад, ки дар бозиҳои ниҳоӣ ширкат варзад.

Пас аз ҷамъбасти Чемпионати Осиё се дастаи беҳтарини қитъа ҳаққи ширкатро дар Бозиҳои олимпии соли 2020, ки дар Япония мегузаранд,  пайдо менамоянд.

АМИТ «Ховар»

Tags: