Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар мусобиқаи «Чор миллат» иштирок мекунад

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба Бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё дар мусобиқаи байналмилалии «Чор миллат», ки аз 15-ум то 23-юми январ дар шаҳри Давҳаи Қатар барпо мегардад, иштирок мекунад. Дар ин бора сомнати расмии ФФТ хабар медиҳад.

Дар мусобиқаи «Чор миллат» дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Эрон, Қатар ва Кувайт ширкат меварзанд. Бозии аввалини худро дастаи мунтахаби Тоҷикистон 15-уми январ бо олимпичиёни Эрон мегузаронад. Дар даври дуввум,  18-уми январ, дастпарварони Усмон Тогшев бо футболбозони Қатар  ва дар вохӯрии охирин, 21-уми январ, бо дастаи мунтахаби олимпии Кувайт қувва месанҷад. Ҳамаи вохӯриҳо дар варзишгоҳи Академияи «Aspire»-и шаҳри Давҳа гузаронида мешаванд.

Иштирок дар бозии байналмилалӣ дар Қатар марҳилаи навабатии тайёрии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (то 23-сола)  ба бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё -2020 ба ҳисоб меравад.

Дар бозиҳои интихобӣ, ки аз 22-юм то 26-уми март дар шаҳри Тошкент мегузаранд, дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (22-юми март), Покистон (24-уми март) ва Ӯзбекистон (26-уми март) рақобат менамояд.

Баъди ҷамъбасти бозиҳои интихобии гурӯҳӣ 11 дастаи ғолиб ва 4 дастаи беҳтарини мақомҳои дуввум ба бозиҳоии финалии Чемпионати Осиё, ки аз 8-ум то 26-уми январи соли 2020 дар Тайланд мегузаранд, роҳхат мегиранд.

Дар сурати яке аз ҷойҳои аввалро гирифтани мизбони Чемпионати Осиё-дастаи мунтахаби Тайланд (ё ишғоли яке ҷойҳои дуввуми имтиёздори роҳхат ба бозиҳои финалиро) дастаи панҷуми беҳтарини ҷои дуввум ба бозиҳои финалӣ роҳ меёбад. Аз тарафи дигар се дастаи ҷойҳои якум, дуввум ва сеюми Чемпионати Осиё ҳаққи иштирокро дар Бозиҳои Олимпии соли 2020 дар Токио комёб мегарданд.

Тақвими мусобиқаи байналмилалии «Чор миллат» байни дастаҳои мунтаъаби олимпӣ дар шаҳри Давҳа чунин аст:

Даври 1

15 январ (сешанбе)

19:30* – Эрон – ТОҶИКИСТОН

21:30 – Қатар – Кувайт

Даври 2

18 январ (ҷумъа)

19:30 – Эрон – Кувайт

21:30 – Қатар – ТОҶИКИСТОН

Даври 3

21 январ (душанбе)

19:30 – ТОҶИКИСТОН – Кувайт

21:30 – Қатар – Эрон

Эзоҳ: соати бозиҳо  ба вақти Душанбе оварда шудаанд.

АМИТ «Ховар»