Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар рейтинги нави ФИФА 5 зина боло рафт

Имрӯз, 12  август Федератсияи байналмилалии футбол рейтинги нави худро нашр намуд, ки тибқи он дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол мавқеашро иваз карда, бо касби 1158 имтиёз ба зинаи 116-ум баромад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Миёни кишварҳои Осиё аз ҳама натиҷаи беҳтарро дастаи мунтахаби Ҷопон дорад, ки бо касби 1529 хол дар зинаи 20-ум ҷой гирифтааст. Дар рейтинги КФО дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи 20-ум мавқеъ касб намудааст.

Дар рейтинги нави ФИФА Белгия бо 1822 имтиёз дар зинаи якум, Бразилия бо 1798 имтиёз дар ҷойи дуюм ва Фаронса бо 1762 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор доранд.

АМИТ «Ховар»

Tags: