ДУДМОНИ ТУ КУҶОСТ? ё посух ба иғвоангезони миллат

Марҳилаи ҷаҳонишавии имрўз рақобати ҳукумати электрониро ба ҳаде тезу тунд гардонидааст,  ки дар сархати он сомонаҳои иҷтимоии хориҷӣ қарор доранд. Дар зимни омўзиш ва баррасии матолиби нигаронкунанда аксаран журналистон хомўшӣ ихтиёр мекунанд. Мо дар муқовимати иттилоотӣ ба афроде, ки ҷониби миллату давлати худ санг меандозанд, ҳуқуқи маънавии сукут  варзиданро надорем.   

Аз ҳофизаи таърихи кўҳан пора-пора сафҳаи зардшудаи сарнавишти талхи мозиро дармеовараму чун дуди таҳбатаҳ оташдор ба худ мепечам, раҳ мепўям, бехабар аз он ки дармегирам, хомўшона фарёдрас меҷўям, то бигўям, ки бо қудрати Кирдигор як ҳазору сад сол пас дар сарзамини тоҷикон боз насими истиқлол вазид. Истиқлоле, ки пиру барно ҳазорсолаҳо орзумандаш будем. Истиқлоли мо дар сурати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зуҳур омад. Дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлате арзи ҳастӣ намуд, соҳибистиқлол ва амн: ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

Нақши барҷастаи Пешво дар он аст, ки хусусияти умумимиллиро парвариш дода, боздиду баромадҳояш ба қалби мардум нуру сафо бахшид. Ҳамватанон дар симои ин фарзонамарди ориёӣ ҳомии тавонманду пуштибони забону фарҳанги аслии хешро диданд, ки ҳамнафаси халқ зиставу ба рўзгорашон файзу баракати афзун меоварад. Аз ин зовия дастуру ҳидоятҳои омўзандаашро ба ҷон пазируфта, баҳри созандагиву бунёдкорӣ рўзгори нав ба сар гирифтанд.

Эмомалӣ Раҳмон фарзанди модари порсову отифаи тоҷик аст, ки бо шири поки ў савганд ёд кардааст. Ризои Модари бузургвор ба ҷигарбанди хушному хуштолеъ неру бахшида, ба корҳои минбаъдаи давлатсозиву давлатдории навин роҳи фаррох кушодааст. Месазад, зери қудуми модароне, ки фарзандони ватандўсту ҷонфидои миллатро ба олами ҳастӣ меоваранд, сари таъзим бигузорему хоки пояшонро ба чашмон чун тўтиё бимолем.

Ин шахсияти таърихӣ муноқишаҳои дохилиро барҳам зада, сулҳу суботро таъмин намуданд ва тоҷиконро ба сўи ояндаи дурахшон роҳнамо шуданд. Ба тани навмедгаштагон ҷони тоза дамид, ки сиёсати мардумиро хуш пазируфтанд. Ҳатто тоҷикони бурунмарзӣ ҳам ба атрофаш ҷамъ омада, бо дили саршор аз муҳаббат Пешво хондандаш. Тарҳ ё ин “модел”-и нодири сулҳофарӣ барои мамолики ҷангзадаи дунё сабақомўз шуд. Зеро ки бозгардонии беш аз 1 миллион гурезаи фирорӣ дар тасаввур афсонае беш набуд. 

Президенти мо дар муҳите камол ёфтааст, ки аҳли хонадонаш ба қадри модари неъматҳо-Замин мерасанд. Сиёсатмадори фозил дар сархати фаъолияти сиёсӣ некў пай бурда буд, ки давлатсозӣ осон нест. Сароғоз муттаҳидии мардумро таъмин бояд намуд. Солисан,  файзу баракати дасторхони мардум аз дастранҷи кишоварзон аст ва    деҳқон метавонад заминро самаранок истифода бибарад. Он гоҳ бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза таъмин мегардад. Аз ин нуқтаи назар беш аз 75 ҳазор гектар заминҳои Президентиро дар ихтиёри кишоварзон гузоштанд.

Бо даъвати созанда мардону занон, ҷавонону наврасон рў ба замин   оварданд. Паҳлавонони ҳузарб мисли Фарҳоди кўҳкан бо дуои солмандон қитъаҳои лалмии солҳои сол бекорхобидаро ба зарби зоғнўлу белу каланд тахту ҳамвор намуда, тухми ғалладона коштанд. Пуштаву бармолҳо аз меҳнати аҳлона зеб гирифта, набзи замин метаппид.  

Аъзои хонадонҳо аз ҳар ваҷаб замин оқилона истифода бурда, ризқу рӯзиашонро беминнат ёфта мехӯрданд.Дар даврае, ки одамон ба маводи ғизоӣ ниёз доштанд, кишоварзон аз ҳисоби маҳсулоти изофа ба бозорҳо каму беш маҳсулот ворид намуда, рӯзгори омма тадриҷӣ ба эътидол меомад.

Замин воқеан ҳам соҳиби аслияшро дарёфта, деҳқонони ботаҷриба дар як сол чанд навъ ҳосил мегирифтагӣ шуданд. Ин зайл муносибати оқилона шароит фароҳам овард, ки истеҳсоли анвои полизӣ ва ғалладона афзоиш ёфта, дараҷаи зисту зиндагонии халқ ба таври мусбат дигаргунӣ пазирад. Акнун кишоварзон на ин ки аҳли оилаи худро мехўронданд, ё барои зимистон хўрока захира мекарданд, балки аз маблағи ҳосили фаровони худ рўзгорашонро беҳтар мегардониданд. 

Солҳои баъдӣ содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба мамолики хориҷи дуру наздик дар маҷмўъ, ба миллионҳо тонна расонида шуд. Бозорҳо аз навъи хелбахели маҳсулоти тару тоза ва меваҷот фаровон гаштанд. Мутобиқи супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ азхудкунии заминҳои лалмӣ оғоз шуд. Деҳқонон аз ин иқдоми давлатдорон хушнуд гаштанд. Дигаргуниҳои чашмраси иқтисодиву фарҳангӣ таваҷҷуҳи оламиёнро сўи ин диёри пурганҷ бештар намуд. 

Кишоварзон аз рўи маслиҳати олимону мутахассисон амал намуда, дастовардҳои соҳавиро ғаноӣ мебахшиданд. Ба миллиардҳо адад расонидани тухми мурғ, ба миллионҳо сар расонидани парранда ва рушди моҳидориву занбури асалпарварӣ  шаҳодати гуфтаҳои болост. Маҳсулот дар бозорҳои дохилӣ фаровон шуд.   

Тибқи маълумоти оморӣ шумораи аҳолии ҷумҳурӣ ба даҳ миллион расида, талабот ба маҳсулоти хўрокворӣ ва дигар анвои лозима торафт меафзояд. Дар ин самт Ҳукумати мамлакат ба хотири болоравии дараҷаи некўаҳволии халқ роҳу воситаҳои нав ба навро ҷўста, барномаҳои озуқавориро роҳандозӣ менамояд. 

Тарбияи мутахассисони касбияташон воло ва зеҳнияташон қавӣ аз масоили умдаи рўз маҳсуб мешавад. Татбиқи «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ» заҳмати даҳсолаи коршиносонро дар бар мегирад. Барномаи давлатии компютеркунонии мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015, Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи давлатии такмил ва омўзиши фанҳои табиатшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 ба рушду нумўи ҷомеа ва қабули консепсияҳои нав сабаб гардидаанд.

Дар ин давра 2,5 ҳазор мактаби замонавӣ бо тарҳи наву таҷҳизоти муосир сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Чанд сол аст дар 40 донишгоҳи олӣ 220 000 нафар, дар хориҷи мамлакат беш аз 30 ҳазор нафар ба таҳсил фаро гирифта шуда, аз 23 мамолики хориҷа бошад, 14 ҳазор донишҷў дар Тоҷикистон бо таъмини шароити лозима аз устодони ҳирфаӣ сабақ меомўзанд.

Бунёди сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун мамлакатро аз буҳрони энергетикӣ раҳоӣ бахшид, ҳам акнун сатҳи зиндагии мардум боло рафтааст. Обанбори Роғун аз рўи лоиҳаи шафофи муҳандисӣ сохта шуда, на танҳо ба рушди иқтисодиёти мамлакат, балки аҳамияти бузургеро барои кишварҳои ҳамсоя ва минтақа молик аст. 

Паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат ба рўзгори сокинони диёр беҳбудӣ бахшид ва байни минтақаҳо пули устувори дўстиву рафоқат гузошта, дар ҷабҳаи созандагиву ободгарӣ ба хотири фардои дурахшон набзи ватандорӣ пайваста ҷўш мезанад. Ватандорон бо ҳамдастии ҷомеа Ваҳдати миллиро асос гузошта, дар сархати он Эмомалӣ Раҳмонро Қаҳрамони миллат эътироф карданд. Ана, ин аст, расму  оини давлатдорӣ! 

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соири мамолики дунё шартномаҳои дуҷонибаву бисёрҷониба баста, намояндагонаш дар ҳамоишу кунгураҳои сатҳи байналмилалӣ фаъолона ширкат меварзанд. Ҷойи ифтихор аст, ки Президенти мо дар чандин ҷаласаҳои Маҷмааи Созмони Милали Муттаҳид раисӣ ва бо забони ноби тоҷикӣ суханронӣ кардааст.

Фазилати ибратоини Пешво дар он аст, ки дар ҳайати роҳбарикунандаи давлат мутахассисонеро ба саҳнаи сиёсат меоранд, ки мактабдидаву дардошнои мардуманд. Худи мактаби Президент барои роҳбарони сатҳи олӣ омўзанда аст. Ҳайати интихобӣ ба қавли устод Лоҳутии бузургвор боистӣ аз худ ин суол бикунанд: «Ҳар рўз зи худ бипурс, агар ту мардӣ, К-имрўз чӣ хидмате ба мардум кардӣ?» 

Ҷойи таассуф аст, ки ақрабнафасоне бо созу савти бегона чархида, тинҷиву оромиши кишварро намехоҳанд. Ҳайфи ин афроди роҳгумзадаву гумроҳу бешараф, ки аз дасторхони тоҷик нону намак хўрдаанд. Ҳаволаи бадонро ба Худо супорида, чанд андешаеро иҷмолан ба самъи хонандагони ҳушманд мерасонем.

Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ “Ховар” назари хешро аз вазъияти басо ҳассосу мураккабе, ки ҷаҳон зери таъсири бемории COVID-19 мондааст, баён дошта, баробари нақши боризи табибони ҳозиқ саҳми рўзноманигоронро низ ҷиҳати аз тариқи васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ сари вақт паҳн кардани ахбори зарурӣ зикр менамояд. Аммо ба идомаи суҳбаташон таъкидомез чунин изҳор медорад: “Аммо баъзе аз рўзноманигорон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, порталҳои маълумотӣ ва блогерҳои алоҳида ин зукоми гузарандаро баҳона карда, ба ҷойи шарҳи дурусти беморӣ ва пешгирии он дар ҷумҳурӣ ба масъалаҳои сиёсӣ ва ғаразҳои шахсӣ даст зада, муҳити орому осудаи кишварамонро бо ахбори бардурўғ ва буҳтонҳои зиёд ...  халалдор карда истодаанд.” 

Академик Раҳмонзода дуруст менигорад, ки баъзе хабарнигорон бо баҳонаи паҳншавии бемории зуком фазои ҳам иттилоотӣ ва ҳам осоиштаро ноором гардонида, ба рўҳияву равони аҳли ҷомеа таъсири манфӣ расонданианд. Ҳол он ки рўзноманигор бояд аснои таҳлил одоби танқидро риоя намуда, матолибро ҳунармандона пешниҳод созад, на ин ки “объекти таҳлил”-ро як сў монда, ба таҳқиру зиштгуфторӣ бипардозад.

Дар ин росто, портали маълумотҳои дақиқи “Дурбин”-ро мисол меорад, ки воқеаро дақиқ насанҷида, ба унвони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамғаи бадномӣ заданист. 

Ин қабил рўзноманигорон дар дохил ва хориҷи мамлакатамон кам нестанд ва бо ҳар роҳу восита авзои сиёсиро муташанниҷ кардан мехоҳанд. Мо муваззаф ҳастем, ки ба даҳони бефаровезашон санг бизанем, ки аз хатокорӣ бипарҳезанд. 

Нафрату бадбинии кутоҳандешон ба ҷое расидааст, ки пайдоиши бемории нави коронавирусро ҳам ба ҳукуматдорон нисбат медиҳанд. Ба фармудаи Рўдакии бузургвор аввал “Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад, Не бад-он чашм к-андар ў нигарӣ.” Агар пеши чашмонатон парда гирифта бошад, хуб муолиҷа намуда, пасон мулоҳиза биронед. Ин беморӣ ба чеҳраҳои сиёсӣ чӣ дахл дорад? Модоме тасаввур чунин бошад, ин беморӣ дар ҷаҳон аз куҷо пареш хўрдааст? 

Мақолаи олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Азимҷон Раҳмонзода, Субҳиддин Зиёев ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Фирдавс Мирзоёров “Тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус” дар сомонаҳои АМИТ “Ховар” ва Академия эътирозе ба бефаровездаҳонҳо шуда метавонад. Муаллифон ватандориву нангу номуси халқияту миллатҳои ғайр (чинӣ, амрикоӣ, рус, олмонӣ, яҳудӣ, турк, муғул)-ро далел оварда, пастиву разолати хоинони миллатро бозгў кардаанд.   

Дареғо, афроди беҳунару кўрдил ин дастовардҳоро ё намебинанд ва ё нодида мегиранд. Дар арафаи ҳар интихобот ба ном ватандорони бурунмарзӣ ба ҷунбиш омада, сўи Ҳукумати феълӣ санги маломат мезананд. Боре аз худ намепурсанд, ки ба нафъи миллат чӣ кор кардаанд? Агар ватандори асил бошанд, пас, биёянду гўшаеро обод бигиранд. То кунун дар мулкҳои бегона минбар ороста, худро ҷилва медиҳанду дастак зада, мелофанд: “Чаро ҳукуматдорон моро намебахшанд?”

Эҳтимол меравад, ки зархаридони сиёсӣ мисли лордҳои англисӣ саҳни бўстонсарой ба сар кулоҳи лапардор, чашм сўи интернету сомона ва моҳвораҳо ташаннуҷ мепоянд. Баъди ин ҳама таҳқиру бешарафӣ мардумон аз башараи хунуки ин гурўҳи ватанбезорон дилгир шудаву зистани ин тоифаи мардудро дар хоки поки нафасдор ҳаром мешуморанд. Ин бекафанҳо ободгариҳои сарзамини тоҷиконро абас доданиву пиру барноро дигарбора оғўштаи хун карданианд. На! Ин хобу хаёлест, ки тоҷикон ҳаргиз қабулаш надоранд. Ягон ҷанг дар таърихи башарият ҷуз харобиву валангорӣ чизе наовардааст. 

Ҳамон ашхосе, ки имрўз хешро донову раҳнамо мепиндоранду ба номи давлат ва миллати тоҷик бадномӣ раво мебинанд, чӣ мехоста бошанд? Агар заррае инсоф медоштанд, пас аз натиҷагирии коршиносони “ГЕЛУП”, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатори дувумин давлати амн дар ҷаҳон шомил шудааст, хулоса мебароварданд. Ин мужда боиси муборакбодии ҳамагонист! 

Ҳикмати халқӣ “Дарахтро аз дохили худаш кирм мехўрад” ба иғвоангезону шаётини гузаро рост меояд. Ба онҳо муроҷиатомез мегўям: агар бад-ин андоза машваратхоҳу ояндабин будед, аз ватани худ ба ҷое намерафтед. Ба чӣ ваҷҳ мардуми тинҷу ороми як сарзаминро ба васваса гирифтор кардан хостед? Чуноне дар чаманзор ба буттае оташ расад, гулбаттаҳои дигар низ сўхта нобуд мешаванд, боре андешаи оромиши аҳли табори худро пеши назар намеоред? Бо ин амали хабисона мехоҳед пешрафти давлатро ба даҳсолаҳо мавқуф гузошта, дар таърих рўсиёҳу манфур бимонед? Аммо бори каҷ ҳаргиз ба манзил намерасад. Давлати тоҷик ба дарахти навбаре шабоҳат дорад, ки ҳар сў шохаву навдаи сабз давондааст.

Дар мизони адлу инсоф қазоват бикунем, ҳукуматдорони таҳаммулпазир ба муроди халалдор нашудани авзои сиёсии кишварамон бахшоиш ҳам карданд. Ба иттилои мақомоти марбута хеле пештар нисбати журналисти мухолифин Додоҷони Атовулло хабари афв расонаӣ шуд. Дигар ў кае бихоҳад, озодона ба зодгоҳаш меояд. Айбҷўӣ осон, вале дар қатори мардони бонангу ор кифтбакифт рост истодану гўшаеро ба ободӣ расонидан мушкил аст.

Чанд муддат инҷониб дар бахши тоҷикии Радиои Аврупои Озод ҳақиқати ҳол ба хонандагони сершумор духўра расонида мешавад. Хабарнигорони шабакаи мазкур мисли он ки аз таги нохун чирк меҷўянд, фақат аз камбуд мегўянд: ё як хонаи селзадаро ба намоиши видеоӣ мегузоранд, ё “қаҳрамон”-еро меёбанд, ки аз ҳарду дунё дасту дил шуста, ”мудерн”-и замон шудааст! Ё ҳеҷ набошад, аз тақдири кадом як зани оташзада ҳангома меороянд, ки ба иллати бемории рўҳӣ ҳодиса рух додааст. Ҳол он ки пизишкон дар ин бора хулосаи тиббӣ навиштаанд.

Хабарнигори радиои “Озодӣ” дигар мавзўъ наёфта, ба сурати лўлии талбанда рўи роҳ нишаста, ба ояндагону равандагон дасти гадоӣ дароз мекунад. Ҳол он ки ин лўлиёнанд рўи дунё машҳур ба гадоӣ ва ин шуғлро аз гузаштагонашон бо хун, яъне то мурдан ба “мерос” гирифтаанд. Ҳамин амали содалавҳонаро боз “тадқиқоти журналистӣ” унвон кардааст. 

Худо шоҳид, ба “доноён”-и Радиои Аврупои Озод гарав мебандем: агар ҷамъи лўлиёнро аз шаҳр биронем, ҳангома барнамехезонед? Фарзан, чунин воқеъ шавад, нахустин шуда “озодӣ”-парастон иғво хезонда, ба ҷаҳониён ҷор меандозед: “Дар Тоҷикистон табъизи нажодӣ роҳандозӣ шудааст! Бибинед, ки лўлиёни бечораро аз кўчаҳои шаҳри Душанбе меронанд. Ҳаминҳо ҳам бандаи Худоянд-ку. Раҳматон намеояд, агар онҳо модарону хоҳаронатон бошанд-чӣ?” ва ғайра. Пас, ба кадом рўятон бовар бикунем?

Наход, ки дар як давлати дорои қариб 10 миллион нафар аҳолӣ доштаи Тоҷикистон комгорӣ вуҷуд надошта бошад? Магар шумоҳо  ободгариҳои дар замони истиқлол ба амал омадаро намебинед ва ё ба диданаш ақлу ҳуш надоред?! Аҷнабитабор ҳам ба ин амал даст намезанад, ки миллати нав ба пой хестаи худро аз пой дарандозад. Далели беҳуда ба кӣ даркор аст? Магар солиёни гурезогурез фақру бенавоиву ғарибӣ ба дилатон назадааст? Сурияву Ироқу Фаластину Афғонистон ва дигар мамолики ҷангзада бароятон сабақ намешавад? Ин ҳангоматозиву иғвоангезӣ ба хотири чист? Ё, бар ивази “бале”-гўиҳои хоҷагони бурунмарзӣ ва дарёфти пули муфт қалами муқаддасро қурбони фасод гардонидаед? Не, яқин аст, ки дар ин росто хомаи шамшерфиканро варнахўрдаед.

Мардуми сарбаланди тоҷик дигар фирефтаи фоҷеаҳои таҳмилӣ нахоҳад шуд. Воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта ба қавли устод Айнӣ барои миллати “сахтҷон”, бояд сабақи якумрӣ шавад. Мегўӣ дуо рафтааст, ки баъди ҳаштод сол фоҷеаи миллӣ ба шакли дигар зуҳур намуд. Дидем, ки думравони мансабталошу хурофотпараст, нимчамуллову “қориён”-и аз тафсири Қуръони Карим фарсахҳо дур аз минбари баҳманмоҳи хунини солҳои навадум чӣ гуна вазъ мегуфтанд. 

 Соати он фаро расидааст, ки аз як гиребон сар бароварда, ҳампаҳлуи Пешвои миллат бошем. Бибояд аз саломатии ҳамдигар бохабар бошем, дар ғаму шодкомӣ ҳамнафас, аз тазъйиқу озори бани одам ба риққат биоем, маҳалгароиву худкуширо бас кунем, маҷолиси унс барпо намоем, ба рўи ятимону ниёзмандон дари хайр кушода, ғановати маънавиамонро ба ҷовидон мерос гузорем. То ояндагон бидонанд, ки касе то имрўз дороӣ ба гўр набурда, хонаи охирати муминон ва муслимон як газ камтар ё бештар замин аст. Пас, ба аёдати барҷомондагон рафта, ба қадри озодамардон расида, бо риояи оини вафодорӣ ва расми дастёрӣ ба дардмандон парастор шуда, дар лавҳи аркон забонро ба дил рост кунем.

Сари он биандешем, ки моро чӣ беназмиву бетарафӣ, чӣ бераҳмиву бешарафӣ, чӣ бедардиву беҳимматӣ, чӣ коҳиливу ғофилӣ ёр шудаву роздорони фалакро чӣ бало зад, ки бепарвоянду дар ғами ҷони худ, сари калобаашон гум, дар шинохти ҳуввияти миллӣ боиси аздастдодаҳо сарду бетаҳаммул нигариста, мегўӣ беде ба сафедор кордор набуда, каҷназару бебасар аз ҳоли даврон фориғанд.

Афроди бедори миллатҳои мутамаддин ба кайҳон рафта, василаи омўзиши таркиби ҷирмҳои осмонӣ кашфиёти нодир дар сайёраи Миррих имкони эҳёи наботот-ҳаётро пешгўӣ карда бошанд ҳам, уламои дину фанни мо сол аз дувоздаҳ моҳ асири ихтилофҳои мазҳабӣ, баҳси саллаву дастори кўтоҳ, хаму рости ангушти ишоративу талаффузи арабии «валаззолин» бо «зод»-и «изғӣ», имлои «ў»-ву «ӣ»-и дароз бо «вов»-и маъдуларо ба тафовуқ нарасонида, дар моварои аҷзу сукут роҳгумзадаанд.

Фурсате даррасида сало бизанем: мо, мардуми оритабори аз гуна-гуна ваҳму ташаннуҷ парҳезгор, яъне ба зоҳиру ботин тоҳир, дар масири пуртаҳаввули торих бар муқовиматҳои ғосибони арабу нажоди турк сахтҷон, аз торикиву зулмот сўи рўшанистон раҳ сипарида, хоки поку муқаддаси Хуросони Бузургро ҳифз намоем. Парчами ковиён афроштаамон қарнҳо ҷилвагар, месазад тамаддуни бостони хешро комилан дарёбему рўҳи ниёконро наозурда, теша ба решаи асл назанем ва тоҷи зарринкўби мансуби миллати хешро соҳибӣ карда, нагузорем ба он газанде бирасад. 

Ориёӣ будану ориёӣ зистанро Худованди карим ба ҳар қавму миллат насибу рўзӣ намегардонад. Ин зумра одамон аз сароғози ҳаёт поктинату покзамир, заҳматкашу хушиқбол ва ростраву покнажод ба олами ҳастӣ омад. Шоири ормонӣ шодравон Тўлқин Хоҷа дар   “Ғиреви ориёӣ” ном шеъраш бас зебо гуфтааст:

Мо фақат аз қавмҳои ориёӣ
Ориёӣ мондаем.

Чунки содиқ бо забони ориёӣ мондаем,
Якдигарро чун бародар бе санад ҳам мешиносем,

Дар шаби торик ҳатто бе мадад ҳам мешиносем,
Лек дигар додарони дигари худро, ки афзун будаанд,

Бе миёнҷии муҳаққиқҳо намедонем,
Бе кафилии муаррихҳо намедонем.     

Матбуоти тоҷик дар марҳилаҳои вазнини таърихӣ ташаккул ёфта, то айёми мо пурмуҳтаво омада расидааст. Рўзноманигори намоёни тоҷик Алӣ Исмоилзода аз дўстон ва ҳамкешони устод Айнӣ маҳсуб ёфта, дар дафтари ёддоштҳояш навиштааст: «Солҳои 1921-1923 дар Осиёи Миёна тахминан номи тоҷик гум шуда буд, ва дар ҷоҳои расмӣ забони тоҷикӣ (форсии тоҷикӣ)-ро шунидан мумкин набуд. Забони тоҷикӣ танҳо дар ҳавлиҳои дарунӣ (ҳаёти хонаҳо ва андарунии хонаҳо) дар байни занон, дар байни модару кўдакбоз монанди аввалинаш ҳукмрон буд.

Тоҷикон чӣ қадар бисёр бошанд, нависандагони тоҷик ҳамон қадар кам буданд. Қаламҳои зиёиён ва умуман нависандагони тоҷикзабон ба таҳрири тоҷикӣ одат накарда буд. Таҳрири тоҷикӣ барои қалами онон як кори хориқулода менамуд, ки аз ҷумлабандиҳои форсӣ қаламҳои онон мерамид. Ин буд, ки дар аввали кор вазифаи бо мотирёл таминкунии рўзнома ба тариқи як бори вазнин ба гардани чанде аз рафиқон – Садриддин Айнӣ, Сайидризо Ализода, Ғуломалӣ Козимзода афтод.

Таърихи матбуоти тоҷикии Осиёи Миёна номи ҳамин рафиқонро бояд алоҳида сабт кунад.»

Модоме чунин аст, қаламкашон муваззаф ҳастанд хомаву дафтарро дар хидмати миллати бостон бигузоранд. Он гоҳ рўзноманигори ҳирфаӣ буданашон аён мегардад. Яъне журналист шомили ягон гурўҳ ё фирқаи тундраву ифротгаро буда наметавонад. Каломи ҳақ ўро аз роҳи бад бозмедорад.

Табиист, хиёнат ба ватанро шариати ислом сахт маҳкум кардааст. Аз тариқи гузориши видеоӣ дар интернет мебинем, ки хабарнигори Радиои “Озодӣ” Шаҳлои Гулхоҷа -гўё бо равиши нав бошад!- дар байн  афкори ду тоҷикро ҳакамӣ мекунад. Чаро ў дар меҳвари гуфтугў Муҳиддин Кабириро мусоҳиб қарор додааст? Кӣ намедонад, ки Кабирӣ, раиси Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом, бо дастгирии хоҷагонаш фирорӣ гашта, бар зидди ҳамватанонаш дандон тез кардааст? Ҳатто вай дар посух ба суолҳои ҳамсуҳбаташ Собир Валиев худро нороҳат ҳис мекунад.

Аз мавзўъ дурӣ наҷўста, суол мегузорем: “Кабирии манфур! Чаро ҳангоми дар ҳайати Порлумони мамлакат будан андешаҳоятро рушод нагуфтӣ?” Албатта, аз ширинии мансаб истиҳола мекардӣ? Ҳоло бо кадом рўву риё истеъфои Ҳукумати конститутсиониро талаб менамоӣ? Ту худат киӣ, ки ғойибона, аз мулки бегона, ба корҳои давлатдории тоҷикон дахолат кардан мехоҳӣ? Яқин-ту ба ин ҳуқуқ надорӣ. Зеро ту нафратзадаи ин миллату ин давлатӣ. Касе ёд намедиҳад, ки аз модабуз барра, ё аз модахар тойча таваллуд шуда бошад.  

Ба роҳбари аздаҳонмондаи наҳзатгароён Муҳиддин Кабирӣ як мақоли халқиро ёдрас карданиам: “Каҷ биншину рост бигў.” Дини мўбини ислом зинҳор ба зоташ айбе надошт ва надорад. “Дурўғгўӣ-торикии имон”, худатро аз ватани бобоӣ касе пеш  накардааст. Аксиомаи амалат ҳеҷ гуна тафсир намехоҳад. Маблағи ҳангуфти аз хоҷагони хориҷӣ гирифтаатро ба соҳибонаш бозпас гардонда  натавониста, бо умеди ҷуброни ваъдаҳои хому фарҷоми хуношом   ойинаи қалбу забонро каҷнамой доштӣ. Хоҷагонат аз ту натиҷа хостанд, “сари кафида-таги тоқӣ”, рў ба гурез ниҳодӣ. Пардаи асрори муғризонаву нопокат бидарид ва боз рафтӣ пеши ҳамтабақонат, вассалом!

Мусаллам аст, ки Кабирӣ дар ҷомеаи навини Тоҷикистон шахсият ва ё чеҳраи барҷастаи сиёсӣ ва фарҳангӣ ҳам набуд, ки баъди рафтанаш мардум ба думболи ў бархезад. Роҳбари як ҳизби террористӣ буду бас. Ақаллияти наҳзатиён ба Муҳиддин ва ҳамтоёнаш эътиқод надоштанд. Иғвою дасиса, якдигарнофаҳмиву кашмакаш дар байни ҳизбиёни наҳзат ба ҳаде авҷ гирифта буд, ки коршиносони байналмилалӣ Ташкилоти террористиву экстремистӣ унвонаш карданд. Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” ба даъвиҳои бепояи Кабирӣ латма мезанад.

Эй, нодонҳо! Ин амали ноҷавонмардонаатон мувофиқи қазо нест!
Эй, ҷонситонҳои навбаромад! Аз миллати дар ҳоли ташаккул чӣ меҳоҳед?

Ай, оворагони ба сарсонӣ сазовор! Ба намакдони модарони худ туф накунед! Чунки нону намак дар қиёмат аз якоякатон посух мепурсад.
Ай, бозингарони ғиромбоз! Сари андешаи солим биоед, бас аст, мардумситезӣ! 

Эй, гургони одамхор! Магар ба хуни тоҷик ташнаед?
Эй, мунофиқони садрўя! Мисли обсабз (хамилион)-и дохили баҳр, ки ба ҳар гўшае рост ояд, ба алафу аҷриқ мепечаду рў-рўи об худнамоӣ мекунад, эътибори набудаатонро гум кардаед.

Тазоҳуроти сохтаи чанд тан “ватандор” наздики як бинои Берлин аз ҳамҳамаи Гитлери сархўр ҳам бадтар менамояд. Ин ҳол аз дасисаи хоҷагони пулпараст ва манфиатҷў об мехўрад. Ҷорзаниву гулўдарониашон алайҳи Роҳбари давлати Тоҷикистон чӣ манҳусиву даюсие дар пай дорад? Онҳо баробар нафир кашида, ба хабарнигорон, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, маҳбусон ва халқи тоҷик озодӣ мехоҳанд. Бе ин даъвати бепоя низ мардуми шарифи тоҷик озод буда, рўзноманигорон дар ифшои матолиби дархўри рўз хомафарсоӣ мекунанд. 

Ростӣ, хитобаву ҳамоқатҳои разилонаро шунида, мўйи бадани кас рост мехезад. Агар ин панҷ-шаш нафаре, ки навиштаҷот дар даст бе танаффус аррос мезананд, ба Ватан баргарданд, ҳоли ҷомеаи солим чӣ мешавад? Лозим меояд ҳама корро як сў гузошта, ҳар ҳафта ба ҳамоишбозӣ дода шавем. Ҳайронем, ки дар назди бинои ба сурат маъмурии Берлин ба “лашкар”-и пароканда аз номи тоҷики шарафманд кӣ ҳуқуқи баромад кардан додааст? Ба ин монанд баромадҳои Нуриддин Ризоӣ дар барномаи “Висоли Ҳақ” кал додари кўрро мемонад. 

Эътироз ё ҳамоишороӣ қоидаи ба худ хос дорад. Аслан ин амал дар доираи қонунҳои амалкунанда дар мулки бегона сурат намегирад. Арзу ниёзи моро олмониҳо шунидан намехоҳанд. Зеро мушкилоти ҳар як миллатро роҳбарони худи ҳамон давлату ҳукумат ҳаллу фасл мекунанд. Бегонаҳо ба ҳоли ин қабил эътирозгарон механданду ба роҳашон мераванд. Бибинед, ки сангандозону хусуматпешагон ҳамин амали разилонаро “демократия” унвон кардаанд. Моҳияти “ҳокимияти халқ” тамоман чизи дигар аст. Бо даҳони пуркафк аз минбарҳо лофидану сўи халқу давлати худ исён бардоштан ин ҳаргиз маънои демократияи асилро надорад.   

Чанд сол пеш иғвоангезони миллат бе ҳеҷ истиҳола аз тўйи хонадоршавии писари Президент-Рустами Эмомалӣ ҳангома хезонда, хушҳоливу рақсидани падар ва пайвандони хонаводаро мамнўъ шумориданд. Магар Президент ҳақ надорад, ки дар тўйи домодии ҷигарбандаш лаҳзае хурсандӣ ва фароғат бикунад? Оё барои Президент рақсидан мумкин нест? Ҳуқуқи конститутсионии истироҳати шахс чӣ мешавад? Тоифаи мардуд аз ин ҳангомабозӣ шарм накарданду роҳҳои дигари ба номи сиёсатмадорон сиёҳӣ кашиданро меҷўянд.  

Тоҷикон изтироби беҳудуди волидони Шарофиддин Гадоевро аз наворҳои видеоӣ дида, ба фарзанди нохалаф нафрат мехонанд. Насиҳати падару модар ва бародараш дар назди ў пари коҳе қадр надоштааст. Ин замон андарзи Шайх Саъдии Шерозӣ мушкиламро осон гардонд: ”Партави некон нагирад, ҳар кӣ бунёдаш бад аст, Тарбият ноаҳлро чун гирдакон бар гунбад аст”. Инро вақте пай мебарем, ки модари мушти пари ў Ойишамо Абдуллоева ба зориву тавалло ба ҷигарбанди роҳдуриаш мегўяд: “Хуни як одамро бирезонед, ба гардани мо мешавад. Ту агар хоҳиши маро иҷро кунӣ, бачам, ҳеҷ вақт кори бад накун, ба роҳи бад нарав. Ҳеҷ вақт бо гапи бад кор буд намешавад. Саломатии падарат хуб нест, саломатии ман ҳам. Ту дар куҷое набошӣ, як кори хуб кун, ки хубият ба Ватан ояд. Гапи бадро шунидан намехоҳам.”   

Ба тақвияти насиҳати кампираш падари ў Мирзоалӣ Гадоев аз фарзандаш чунин хоҳиш мекунад: “Гапи ҳар фиребгару шайтона нагир. Баргард, биё. Шукр, Тоҷикистон обод аст. Ҳама ҷо сериву пурист. Чӣ даркор ҳамин корҳо? Касе туро роҳбарӣ мекунад, худаш беақл аст. Гапи маро гўш кунӣ, биё.”

Бародараш Қурбон аз тақдири минбаъдаи Шарофиддин нороҳат буда, рафтори ўро маҳкуму мазаммат мекунад: “Фикри худат, фикри волидонро кун. Аз умрашон рўзҳои башумор мондагӣ, дар дами пирӣ онҳоро ғам надеҳ. Давлат тинҷу оромӣ аст. Дар Интернет, дар ягон ҷо баромад накун. Дар ягон гурўҳ худро ҳамроҳ накун. Ягон гапи беасос назан, тинҷ бигард.”

Худи Ш. Гадоев кист? Ин “ҳуқуқшинос”-и густох солҳои 2015-2016 роҳбарии “Гурўҳи 24”-ро (баъди даргузашти У. Қувватов) иборат аз намояндагони мухолифони тоҷик-муҳоҷирони меҳнатӣ ба уҳда дошт. Дар шаҳри Эиндховени шоҳигарии Нидерландия паноҳандагӣ ёфт. Соли 2018 дар Ҳоланд ҷунбиши “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон”-ро таъсис дод. Як муддат баробари аз шумори иттиҳоди мухолифони тоҷик ва ташкили Паймони миллии Тоҷикистон Кабирӣ роҳбар ва Гадоев муовини ў интихоб гардиданд.

Вақте ки воқеоти ба тақдири миллат вобастаро таҳлил мекунед, эътибори шахсро чизи тамоман дигар ба худ мекашад. Дар гуфтору рафтор ва мунофиқии ин хабисони тундрав роҳгум мезанед. Инро соате тафаҳҳус менамоед, ки тору пуди мураккабашонро омўхтаед, яъне чӣ хел? 

Ба филми панҷдақиқаинаи видеоии “Ихтиёран баргаштани  Шарофиддин Гадоев”: воқеият ё саҳнасозӣ рў меорем. Қаҳрамони филм Гадоев телефони мобилӣ дар даст бо виқор ҷониби шуъбаи милитсия равон аст. Ў дарро тақ-тақ мекўбаду сўи даричаи бозшуда бо забони махлут мегўяд: “Бахшиш боша, мара аз фурудгоҳ гуфтанд, ки назди сардор равед. Мара мунтазиранд, агар иҷозат бошад. Мо маслиҳат карда будем, ки ин ҷо қабул мекунанд. Фикр мекунам, ки сардор мунтазир бошанд. Ун кас медонанд, огоҳ кардагиянд.”

Дар навор мебинем, ки Гадоеви гумроҳ рўи роҳрав пешопеши  милисаи навбатдор қадам мезанад. Сардор аз ҷо бархоста, “Нағз омадед?”- мепурсад аз вай. Гадоев дар посух “Бачаҳо нағз қабул карданд. Ташаккур, барои пешвоз. Дертар сардор ба назди вай  коғазу қалам мегузорад, ки ба унвони вазири умури дохила ариза бинависад. Ҳини рафтанаш сардор аз ҷой бархоста, ба тобеинаш таъкид мекунад, ки ўро гусел намоянд. Баъд мефаҳмем, ки мақомот ўро рухсати ба Ҳоланд рафтан иҷоза додааст.

Аввалан, таҳияи ин навори сохтаву бемантиқ ва обрўрезони мақомоти қудратӣ ба кӣ даркор аст? Шахсе, ки дар кўчаҳои Берлин бо чанд ҳамтабақу ҳамнишини ношукр ҳамоиш ороставу ба номи мубораки тоҷик бо ҳаёҳўву валвала беибо алфози таҳқиромезу носазо мегўяд, бо кадом рўву риё ба сарзамини поки бобоӣ меояд? Ба ном тоҷикони гуреза пешорўи ҷаҳониён миллати тоҷдорро рўзи равшан шарманда карданд. Бегонаҳо ба мардуми шарафманди мо чӣ баҳо медиҳанд? Дар сурати ин ду-се воизи худкома номи тоҷики сарбаланд коҳиш намеёбад? Ин сифлагон бо кадом мақсаду маром ба амали зишт даст зада истодаанд?  

Дувум ин ки бо аъмоли ноҷавонмардонаи хеш назари ҷаҳониёнро сўи Тоҷикистони офтобрўя тира месозанд. Зўр мезананд, ҷон мекананд, маблағ мегиранду студияҳои барҳаворо “иҷора” мегиранд, то ки мақсуди ифлосашонро бар сари мардуми бечораи тоҷик бор кунанд. Аммо бехабаранд, ки тирашон кайҳо хок хўрдааст. Охир, офтобро бо доман пўшида намешавад. Тоҷикон ба дасисаи ин гурўҳи шаётин ва малъун дигар дода намешаванд.

Мухолифи тоҷик Ш. Гадоев дар бозгашти худ ба Ҳолланд изҳор доштааст, ки ҷўяндагони хадамоти махсуси тоҷик ўро дуздида бурдаанд. Гўё худи вай муаллифи филмномаи рабудану 2 миллион доллар ваъда карданашро ҳам медонад. “Ман ҳаргиз бо хоҳиши худ ба Тоҷикистон намеравам”,- гуфтааст ў пеш аз парвоз ба шаҳри Маскав. Аз суханони вакили мудофеъ Виктория Надеждина бармеояд, ки дар бозгашти Гадоев ба Аврупо масъулони Вазорати умури дохилаи Нидерландия ҳамҷоя бо Вазорати корҳои дохилаи Германия таи ду ҳафта гуфтушуниди зиёдеро анҷом дода, ба мақсуд расиданд. 

Хонандаи азиз, аз гуфтору рафтори бозингарони сиёсӣ чӣ натиҷа метавон бардошт? Дар ҳар мавриди барояшон хос мавқеъ дигар мекунанд, бо забони ҷумламурғон гап мезананд. Пас, ба кадом рўи Гадоеви беорияту берў  бовар бикунем?

Эй, ҷаллодон! Ин қадар сарсабзиҳову шукуфоии Тоҷикистони азизро бо ду чашми сар намебинед? Магар сохтмони биноҳои осмонбўси Душанбе ҳамрадифи Порису Лондон ва Олмону Дубай рашкатонро меорад?

Эй, нобиноён! Ба чашмон айнак монда, ба сомонаҳои интернетӣ назар андозед, ки таи солиёни соҳибистиқлолӣ ба мамолики пешрафтаи олам баробар шудаем. Ё, магар шумоҳо қории модарзод ҳастед?

Эй, кавданҳову иблисҳои хуношом! Ин дасисаву бузбозиҳоятон то кай идома меёбад? Афв пурсидед, афватон карданд, вазифа хостед, вазифаатон доданд, боз чӣ талаб доред?!

Ба андешаи инҷониб, афроди иғвогар ташнаи ду чиз мешавад: ҳирс ва интиқом.

Яъне василаи ҳасуд ба ҳамтабақон ҷилва медиҳед, ки ормонҳои худиёнро амалӣ мегардонад. Наход, 10 миллиони ҳамраъй ба 10 нафар гўш фаро бидиҳад? Мантиқ куҷост? Маблағи хоҷагони бемурувват дар ин байн нақш мебозад.

Баъдан, интиқом аз нокомӣ реша мегирад. Дар интиҳо, охир дилатонро кафонда, аз исён ҳарф задаед.  

Рўйрост мегўям, ки муроди ғиромбозони гавҳарношинос танҳо як чиз аст: нооромӣ ва “доҳӣ”-и худро сари қудрат овардан. Кадом доҳӣ? Ҳамон мардумгурези фитнаҷўи хуношом? Халқи дурандеши тоҷик чандон гўлу гумроҳ нест, ки ба сафсата пайваста, ба шўр биояд.

Эй, бехабарон! Парвардигори азимушшаън хабар додааст, ки ду чизро аз ман маталабед: якум-подшоҳӣ, дувум-паёмбарӣ. Ин ҳарду бо хости Ў зоти пок сурат мебандад, касе маҷбурӣ ба ин мартабаҳои илоҳӣ ноил шуда наметавонад. Ҳақ ба ҷониби Шамсиддин Шоҳин аст, ки чунин фармуда:     

Онон, ки зи бахт подшоянд,

Ақли куллу сояи Худоянд.

Биёед, як ба таърихи халқи тоҷик назар афканем. Муборизаи ҳақталошонаи Спитамени диловар бо Искандари Макдуниву сипоҳиёнашро ба ёд биёред, ки чӣ миқдор мардону занони суғдӣ ба қатл расида буданд. Амалиёти махсуси Спитамен дар муқобили душмани ғаддор бад-ин хотир буд, ки шасти ўро аз қувваҳои асосӣ дур созад. Ҳангоми дар Хўҷанд қарор доштани Искандар ба вай хабар доданд, ки Спитамен шаҳри Самарқандро муҳосира кардааст. Зери хатар мондани дастаҳои юнониро фаҳмида, Искандар бо лашкараш сўи Самарқанд меравад. Баъди ба муҳосира гирифтани юнониёни дар диж буда аз неруи 2500 нафараи дастаи пешгарди Искандар огоҳӣ дарёфта, дарзамон ҷониби поёноби рўди Суғд мешитобад. Ана, бо чунин тактикаи ҷангӣ ва зиракии сиёсӣ Спитамен нагузошт, ки душман дар ватани ў ҳукмраво бошад. Ҳангоми муҳорибаи шадид рақибони зархарид вайро номардона куштанд. Бале, ҷон бохт, вале ба душман таслим нашуд. 

Сароғоз мо ориёӣ ном доштем ва то кунун ифтихор мекунем. Барои як миллати воҳид чор унсур муҳим аст, онро соҳибем: ном, забони умумӣ, фарҳанги хос ва дар ҳудуди муайян сарҷамъ басар бурдан.

Ё худ, қаҳрамониҳои Темурмалик алайҳи муғулҳо дар Хўҷанди бостон назир надорад. Чингизиён чандин шаҳру деҳоти Мовароуннаҳру Хуросонро бо манҷаниқу зарфҳои нафтдор вайрон карда, харитаи ҳуҷум мекашиданд. Сохтани 12 киштии бодбондор нақшаи роҳнамои хўҷандиён буд. Ба болову паҳлуи киштиҳо чанд қабат намад кашида, бо гил андова карданд, аз бар дарича гузоштанд. Бо ин роҳ дар ҷангҳои пуршиддат муғулҳои бешуморе ҷон бохтанд ва калонтарин шаҳри поёноби рўди Сир Ёникентро аз чанголи аҷнабитаборон озод намуданд. Оқибат қаҳрамони овозадор аз дасти Чағатойи хунхор-писари Чингизхон ба ҳалокат расид.

Матонати ўро устод Садиддин Айнӣ дар очерки таърихӣ “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик” ба қалам дода, ҳолати аҷиберо овардааст. Гоҳи ба хок супоридани қаҳрамон аз миёнбанди ў халтача ёфтанд, ки як каф хок дошт, бо порчаи коғаз ва ин навишта: “Эй он ки мурдаи ман ба дастат меафтад, агар некхоҳи одамон ва ватандўстон бошӣ, маро бо ин як каф хок гўрон, ки ин ёдгории ватани азизи ман аст!” Байт:     

Атри кафан зи хоки ватан кардам орзу,

Во ҳасрато, ки ин орзу мебарам ба хок!”

Манзур аз ин руҷўи таърихӣ ҳимоят ва муқаддас доштани Ватани аҷдодӣ аст. Фарзандони шуҷоъ дар сангинтарин фурсат нагузоштанд, ки пайи хасми нопоку малъун ба марзи мо бирасад. Вале ба ном фарзандоне аз ин мулк дар замони осоиштаву соҳибихтиёрӣ аз фитнаву макр тўр бофта, дар хиёбонҳои барҳавои хориҷа сўи чеҳраҳои сиёсӣ ва давлату миллати худ носазо мегўянд.

Чаро намегўянд, ки дар даврони Ҳукумати яккатози шўравӣ дасти кутоҳ доштем. Ба соле як бор Душанберо медидем ё не. Аз саҳрои пахтазор берун намеомадем, зеро мустақилияти миллӣ надоштем. Пас аз фарорасии фасли тирамоҳ маҳсулоти ватаниро дар бозорҳо пайдо карда наметавонистем.

Ҳоло манзара тамоман дигар аст. Бозорҳои дохилаи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ пуропури маҳсулот буда, дар мамлакат фаровонии бозори истеъмолӣ таъмин мебошад. Аксар вақт савдогарони суғдиро дар бозорҳои Хатлон, тоҷирони раштиро дар нуқтаҳои савдои Хўҷанд, бадахшониҳоро дар шаҳрҳои Кўлобу Ҳисор ва ё баракс, машғули хизматрасонӣ мебинем. Ин муттафиқиву ҳамбастагӣ яку якбора ба даст наомадааст.

Баъди таъмини тинҷиву амонӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, равуои ҷонибҳо сурат гирифта, одамон ба хонаҳои ҳамдигар меҳмон шуда, расму оини тоҷиконаро идома бахшиданд. Дар гирди хони дўстона машварат анҷом дода, барои фаъолияти минбаъдаи ҳамкорӣ реҷа мекашанд. Тоҷирону соҳибкорони боҳиммат дар партави сиёсати собитқадамонаи Пешвои миллат ба созандагиву ободгарӣ даст зада, дар бунёди биноҳои мўҳташами замонавӣ аз худ нақши нек мегузоранд. 

Дар “Ҳадиси ватандорӣ” (Душанбе, “Бухоро”,  2011, 384 саҳ.) ном китобам (ба 7 забон) аз дастовардҳои замони истиқлол, шебу фарози расидан ба ин айёми саид, заҳматҳои хастанопазири Президенти мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин замина таҷлили чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ сухан меравад. Баргардонии ин асар ба забонҳои гуногун бо саъю эҳтимоми доктори илмҳои фалсафа Саид Нуриддин Саид сурат баста, хидматҳои барҷастаи ватандорон ба даврони навин бо далоили қотеъ нишон дода шудааст. 

Журналист сари ҳар ибора ё вожа заҳмат кашида, дар фарҷом самари килкашро ба хонанда ё шунаванда мерасонад. Аммо вақте мешунавем, ки ашхоси қаламбадаст матлабро аз кадом як манбаъ рўкўчон карда, бар ивази чанд пули пучак онро ба сомонаи хориҷӣ фурўхтаанд, алам мекашем. Ин маънои онро дорад, ки имрўз хабарро фурўхтанд, пагоҳ дар ноомади кор, таҳти таъсири неруҳои бегона ба амалҳои зишту бехудоӣ даст зада, Ватанро низ мефурўшанд. Худатон қазоват кунед, он гоҳ ба кӣ монанд мешавем?

Тааҷҷубам меояд, ки ин андоза ободгариҳои гўшношунидро кўрдилони миллат нодида гирифта, шабеҳи муллоҳои тарсварае, ки замони сегонапарастӣ (“тройка”) аз тарси ҳизбиён дар каду азон мегуфтанд, садояшонро аз дуриҳо мешунавем. Модоме ки зарфияти идроку эҳсосашон ба пастӣ моил аст, “дигар чӣ ҳоҷати панду насиҳат аст”? Аҷабо, ба чӣ ваҷҳ миёни анбўҳи ҳазёнҳои бофта дастовардеро ном намебаранд?

Хоинони ватанбезор набояд фаромўш созанд, ки мо аз қадим миллати тоҷдор омадаем. Ворисони ин дирафши ковиёнӣ бо чи азобу хитобҳо онро ба каф оварда, зинҳор намегузоранд, ки осебпазир гардад. Дар ҳоле ки миллати тамаддунсози тоҷик ба таърихи башар навоварӣ, эҷодкорӣ ва бозёфтҳои илмиву таҳқиқотии ҳайратангезро ҳадя оварда, ҷамъашро ба хидмати инсонҳо гузоштааст.

Шумоҳо магар аз ёд бурдед инқилобҳои фарҳангии Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ ва Ҳаким Умари Хайёмро, ки то кунун аҳли олам аз файзи ин ковишҳои судманду тақвими мелодӣ баҳра  мебаранд? Волидони покназари фозилон тоҷик буданд, яъне аз шаҷараи мову шумо.  Бе муҳобо, ҳамин нобиғаҳо дар сухангустарӣ шабеҳи файласуфони Юнони қадим, аз қабили Суқрот, Афлотун, Арастуянд, ки ба масоили инсон, рўҳ, тафаккур, идеяҳо, тан ва нафс эътибори ҳамаҷониба дода, ҳақиқати объективӣ ва назарияи маърифатро пеш мегузоранд. Давраи пайдоиш ва инкишофи материализм бошад, ба Фалес ва Демокрит пайванд мезанад.

Бузургони миллати мо покниҳоду хушбину соҳибназар буданд ва ба ҳар мулке кўч баста бошанд ҳам, онҳоро ба фазилату илм, хайру эҳсон ва мададгориву накўкорӣ шинохтаанд. Барои намуна, аҳли байти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ барои идомаи таҳсилу тадриси фарзандашон ба Рум рахти сафар бастанд. Зиёии ҷавон метавонист, ки алайҳи зимомдорони вақт дар назди бинои Ҳукумати Истанбул хайма бизанад. На, бо ин роҳ рафта наметавонист. Чунки пайвандони солеҳу солеҳазодаш аз маърифати илоҳӣ бархўрдор буданд. Аз ин дидгоҳ истеъдоду дарки маънисанҷиву маъниофаринишро дар шоҳбайтҳои омўзанда ба ҷилва овард. Ба оламиён собит намуд, ки неруи як шоири аз сарзамини Балхи бостон рўида ба чӣ таҳаввули маърифатзои илоҳӣ қодир аст.

Агар иғвоангезони миллат боре ба илми фалсафа рў меоварданд, шояд ҳолати равонию мағзашон андаке таҳрик мехўрду сар ба зонуи тафаккур ниҳода, аз оқибати кор меандешиданд. Аз ин паҳна файласуфони олам дар маҳаки омўзиш нахуст инсонро гузоштаанд. Зеро одамизод, ки дорои нутқ ва шуур аст, ба корҳои бағоят азиме қодир буда метавонад. Таҳқиқи волои фалсафаи асримиёнагии Шарқи исломӣ, фалсафаи замони нав, рушди маорифпарварӣ дар Фаронса, фалсафаи марксистӣ, фалсафаи маорифпарварии тоҷик ва ғайра дар ҷилди аввали китоби арзишманди "Фалсафа"-и доктори илмҳои фалсафа, профессор Саид Нуриддин Саид (Душанбе, "Маориф", 2019), бо назардошти мақому манзалати донишҳои фалсафӣ ва тарбияи маънавии ҳаводорони илми фалсафа зуҳур кардааст.  

Амали бадкешони миллат набояд ҳар яки моро бетараф гузорад. Боз ҳам ба фалсафаи маорифпарварии тоҷикон рў биёрем, мебинем, ки дар замони ошўбҳои сиёсӣ баъзе намояндагони барҷастааш сўи душманон гаравида, ҳамкешону ҳамзабонони худро шармсор кардаанд. Абдуррауфи Фитрат ҳамин гуна шахс буд, вале дар ибтидои муборизаҳои инқилоби сиёсиву маънавӣ бисёриҳо ботини ўро нашинохтанд. Ҳатто вай аз ҳамсафони пешрави устоди муаззам Садриддин Айнӣ маҳсуб мешуд. Ба қалами Фитрат асарҳои «Мунозира», «Баёноти сайёҳи ҳиндӣ», «Мавлуди шариф ё худ миръоти Хайрулбашар», «Раҳбари наҷот», «Оила» ва ғайра мансубанд. Осори ў мавзўоти таърихи дини ислом, масоили адабиёти ҷадидия, таълиму тарбия ва дигар паҳлуҳои умдаи зиндагиро дарбар мегирад.

Чаро аз Фитрати хиёнатпеша ёд мекунем? Зеро ки аъмоли иғвоангезони имрўзи миллат ба ў ҳамранг аст. Фитрат низ худро донишманду ҳомии халқ нишон медод ва ҳамқадами бузургон мерафт. Ў ҳамеша аз хираду маърифат, адлу инсоф, роҳҳои рушди ҷомеа ва ахлоқи ҳамида дар анҷуманҳо сухан мегуфт.

Ин хиёнати Фитратро донишманди халқи тоҷик Садри Зиё чунин баҳо додааст: «Фитрат касест, ки ўро бояд бикушем ва баъд сари гўраш бинишинему хун бигирйем. Фитратро барои он бояд кушт, ки пантуркист аст, яъне ў ба халқи худ, ба миллати тоҷик хиёнат кард. Аммо дар сари қабраш барои он бояд гирист, ў яке аз маорифпарварони тоҷик дар оғози садаи бист буд.»

Имрўз миллати тоҷик марҳилаи ташаккулро аз сар гузаронида, хоҳу нохоҳ шебу фарозҳо дар бунёди ҷомеаи навин пеш меояд. Давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамаи чораву тадбирҳоро меандешад, ки рўзгори халқ боз ҳам рангинтару беҳтар шавад. Ҳатто мавридҳое буд, ки дар ҳассостарин лаҳзаҳо Пешвои миллат ҷони худро ба хатар гузошту ҷони ҳамдиёронашро харид. Ин фарзонамарди фаррухпай ҳамнафаси мардум зиста, нагузошт ва намегузорад, ки миллат ба парокандагӣ ва рўзи сиёҳ бирасад.

Ба ин маънӣ, боре аз минбар дар идомаи мулоқоташон   рў ба ҳозирон, ошкоро изҳор доштанд, ки солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ аҳолӣ дар муҳосираи иқтисодӣ монда, хурду калон ба таҳлукаи сахт афтода буданд. Ў ба хотири аз бўҳрони иқтисодӣ баровардани сокинони мамлакат обро ба гандум иваз намуда, вазъи нобасомонро бартараф карданд.

    Ба иғвоангезони миллат мерасонем, ки ба қадри ин ҳама ҷонфидоиву садоқатмандӣ, созандагиву бунёдкорӣ, худшиносии миллӣ, тинҷиву оромӣ, иттиҳоду ҳамбастагӣ ва суботу  ваҳдати Тоҷикистон бояд бирасем.     

    Ба қадри ҳар буттаву хору хас, гулу майса, чашмасору обшори кўҳҳои осмонбўси Тоҷикистони офтобрў бояд расид.

    Ба қадри манзараҳои дилфиребу нағмаи мурғакони шохсори ин Ватан бояд расид.

    Ба қадри ҳар ваҷаб замин, ҳар қатра обу ҳар зарра хоки файзбори ин мулки биҳиштосо бояд бирасем.

    Ба қадри дастовардҳои замони Истиқлол, чароғи фурўзони ҳар хонадони тоҷику тоҷикистонӣ бояд расид.

    Ба қадри меваҳои боғҳои серҳосил, себҳои хубонӣ, зардолуҳои шаҳдогин, харбузаҳои дар таъм асалвор ширин, хўшаҳои пурбори гандумзори ин сарзамини ганҷхез бояд бирасем.

    Ба қадри хониши кабкони дарӣ, парвози паррандагони хушилҳон, парастуҳои чарханда ва осмони софу беғубори Тоҷикистон бояд расид.

    Ба қадри хандаву гиряи ҳар тифли дар гоҳвораи Модари шабзиндадори тоҷик бояд бирасем.

    Ба қадри тулўъ ва ғуруби Офтобу Моҳтоб ва осмони ситоразору пурнури Тоҷикистон бояд расид.

    Ба қадри осори бузургони гузаштаву муосир, махсусан, «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Садриддин Айнӣ ва шоҳасари безаволи «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷони Ғафур бояд бирасем.

    Ба қадри Парчами миллӣ, Нишони миллӣ ва Суруди миллӣ бояд расид.

    Ба қадри манзалату ватандории Пешвои муаззами миллат бояд бирасем.

    Оре, ҳар кадомин бояд ба даргоҳи Парвардигор шукргузор бошем, ки соҳибдавлату соҳибмиллат ҳастем ва Тоҷикистони азизу маҳбубро дўст дорем!

     Озодиву соҳибихтиёрӣ, яъне демократия низ бояд меъёру ченак дошта бошад. Чаро ниҳодҳои масъули дохиливу байналмилалӣ ин ҳама таҳқиру шўру шаафи бешарафонро шунидаву лаб фурў баста, чора намеандешанд? Агар ба ҳар шахс озодии кулл бидиҳем, аз роҳи бадаш нагардонем, натиҷаи хатарзо ба бор оварда, шаъну шараф ва риояи ҳуқуқи конститутсионӣ чӣ мешавад?  

Суол мегузорем, ки дар пасманзари студияҳои хориҷии мизу курсиҳояшон ялаққосӣ киҳо пинҳонанд? Чаро мусоҳибонро ба гуфторҳои низоъбарангезу пучи урён иҷозаи вуруд медиҳанд? Ҳадаф аз ин варсоқихониҳо дар чист? Дар ҳоле ки мардумони осудаву ороми Тоҷикистон аз афту башараи хунуки “ҳомиёни миллат”-у “ватандорон”-и хиёнатпеша безор, ба ҳафт пушташон ҳамоқат мефиристанд. Халқ дар ҳаққи чунин фарзандони нохалафу бешараф кайҳо хулоса баровардааст. 

    Эй, лаҷомгусехтаҳои худкома! Рўзе ба худ меоеду дар танҳоиву торикӣ ангушти надомат зери дандон мебаред, ки дер шудааст.

     Аз саманди ҷаҳл фуроеду як бор ба сурати зишт дар ойинаи андеша назар андозед. Тафовут миёни шумоҳо ва Пешвои миллати тоҷик аз фарш то Арш аст.

    Ай, сабақомўзони сабақнодида! Ба номи волидону омўзгорони бегуноҳатон иснод наоред, ки бигўянд: “Бар падару модар ва таълимдодаҳоятон лаънат!”

     Эй, ровиёни забонгумкарда! Як бор қаҳрамони “Доғистони ман”-и Расул Ғамзатро ба ёд биёред, ки модар ба ў чӣ посух дода буд.

     Эй, хоинони миллати тамаддунофар! Шумоҳо ҳаққу ҳуқуқи ба ин забони парниёнӣ гуфтугў карданро надоред!

     Мардуми шарафманди тоҷикро ба ҳоли худ гузоред.

     Эй, заҳҳоксифатони аз хуни одамӣ носер! Дигарбора одамонро ба майдоншиниҳо даъват накунед!

     Эй ватангумкардаҳо! Шубҳа дорем, ки бо мо ҳамзабон бошед!

     Амиқан то ҳафт пушт бидонед, ки Тоҷик аз хоби гарон хеставу бедор шудааст. Дигар ҳеҷ фард ба доми гузоштаи шумоҳо намеафтад ва аз пайроҳаи каҷмокаҷатон қадам намебардорад.

Доктори илмҳои фалсафа Саид Нуриддин Саид бо ифтихор мегўяд, ки тоҷикон дар масири таърих мардуми шарафманд, соҳибэъҷозу тамаддунсоз, бонангу ор ва бекинаву беозор омадаанд. Ў бо таассуф аз истилои юнониён, арабу чингизу муғул ёд меоварад. Ҳамзамон, меафзояд, ки тоҷикон дар ягон аср барои ғасби марзу буми бегона талош накардаанд. 

Аз як маъхази таърихӣ хонда будам, ки тоҷикон аз бунёд сулҳдўсту рафоқатпарвар ва ободгар зистаанд. Бо рақибон созиш намуда,  гуноҳашонро мебахшанд, боз дар айни тангдастӣ ёрмандӣ мекунанд. Ин моем, ки гапу калочаҳоро гўё намешунавем, ба дил кина намегирем. Ин моем, ки ҳамаро бо чашми дил дида, бо ақли кулл пазиро мешавем. Моем, ки рўзи сахтиву нотавонӣ аз раҳи савобу имондорӣ душманро бо нону намак дар кулбаи хеш ҷой медиҳем. Шоири шаҳир Шоҳмузаффар Ёдгорӣ хислати тоҷиконро дар боби дўстӣ хуш ба қалам додааст:

Он кас, ки чу дўст омаду чун дўст зи мо рафт,
Гўем, ки ҷон омаду ҷон аз бари мо рафт. 

Дар ҷойи дигар хатари бадандешонро ба эҳсос гирифта, бо аҷнабиён дўстӣ варзиданро ноҷойиз мешуморад:

Касе бо аҷнабӣ обе бинўшад,                  
Саранҷом обу хокаш мефурўшад.

Тоҷикистони азизи мо рўз ба рўз гул-гул мешукуфад. Шаҳрвандон таҷассуми заҳматҳои шаборўзии Пешвои миллатро дар шоҳкорҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, махсусан, дигаргуниҳои камназири кўчаву хиёбонҳои маркази пойтахт-шаҳри Душанбе дида, неруи тоза мегиранд. Аммо вой бар ҳоли ашхоси намакдоншикан, ки ҷонфишониҳоро нодида мегиранд ва яқинан рўзе кўр хоҳанд шуд. Устоди зиндаёд Бозор Собир қаблан гўиё ин амалҳои разилонаи гумроҳони миллатро саропо эҳсос намуда, ба дифои Сармеъмори сулҳу ваҳдати миллӣ бархоста буд:

Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи Қасри миллат!

Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод, адиб 

Tags: