Фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ таҳти назорати доимии Вазорати рушди иқтисод ва савдо мебошад

Фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ таҳти назорати доимии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ҷиҳати рушди онҳо мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ин нуктаро Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён дошт.
Тадбирҳои амаликунанда имкон доданд, ки то имрӯз дар минтақаҳои озоди иқтисодии (МОИ) ҷумҳурӣ 70 ширкати ватанию хориҷӣ, аз ҷумла дар МОИ «Суғд» 27 адад, МОИ «Данғара» 26 адад МОИ «Панҷ» 15 адад ва МОИ «Ишкошим» 2 адад ҳамчун субъект ба қайд гирифта шаванд.
«Аз миқдори умумии субъектҳои бақайдгирифташуда айни замон 17 ширкат, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодии (МОИ) «Суғд» 12 адад, дар МОИ «Данғара» 3 адад ва дар МОИ «Панҷ» 2 адад фаъолияти истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва содиротию воридотиро ба роҳ мондаанд. Ширкатҳои боқимонда ба корҳои сохтмонӣ ва ворид намудани таҷҳизот машғул мебошанд»,-гуфт Неъматулло Ҳикматуллозода.

АМИТ «Ховар»

Tags: