ФУТБОЛ: имрӯз бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистону Чин баргузор мешавад

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз, 11 июн дар варзишгоҳи «Тянхе»-и Гуанҷоуи Чин бозии дуюми  дӯстонаи дастаи мунтахаби футболи  Тоҷикистон бо бозингарони Чин баргузор мешавад. Бозии мазкур соати 20:00 бо вақти Гуанҷоу ва соати 17:00 бо вақти Душанбе  сурат гирифта, онро  довари  шинохтаи ФИФА аз Ӯзбекистон Равшан Ирматов назорат мекунад.

Зимни доварӣ дар бозии Тоҷикистону Чин ба Р.Ирматов ҳамватанони ӯ – ёварони довари ФИФА Абдуҳамидулло Расулов ва Ҷаҳонгир Саидов кӯмак мекунанд.

Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.

Хотиррасон мешавем, ки Равшан Ирматови 41-сола алҳол аз рӯи шумораи доварӣ дар бозиҳои Ҷоми ҷаҳон рекордсмен ба шумор меравад. Номбурда дар Ҷоми ҷаҳони солҳои 2010, 2014 ва 2018  сардовари 11 қувваозмоӣ буд.

Ёдовар мешавем, ки 7 июни соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Афғонистон бо иштироки 13 ҳазору 500 мухлис баргузор шуд.

Вохӯрии тимҳои мазкур ҷолибу пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт.

АМИТ«Ховар»

Tags: