ФУТБОЛ: «Истиқлол», «Регар-ТадАЗ» ва КМВА «Помир» дар даври сенздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон ғолиб омаданд

Бозии марказии даври 13 Лигаи олии футболи  Тоҷикистон — ин  рақобати дастаҳои «Истиқлол»-и   Душанбе  ва «Хатлон»-и Бохтар ба шумор мерафт. Бозии ин дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри  Душанбе  хеле ҷолиб баргузор шуда, бо ҳисоби калони 5:0 ба фоидаи чемпиони феълии мамлакат -«Истиқлол»-и  Душанбе  хотима ёфт. Идомаи мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.

Дар рақобатҳои дигари даври мазкур  дастаҳои футболи  «Регар-ТадАЗ» -и Турсунзода ва КМВА «Помир»-и  Душанбе  рақибонашонро мағлуб намуданд. 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 13-ум

«Истиқлол» — «Хатлон» — 5:0

Голҳо: Муҳаммадҷон Раҳимов, 14 (1:0). Шериддин Бобоев, 64 (2:0). Муҳаммадҷон Раҳимов, 67 (3:0). Шериддин Бобоев, 82 (4:0). Алишер Ҷалилов, 84 (5:0)

«Кӯктош» — «Регар-ТадАЗ» — 3:4

Голҳо: Шерзод Маҳамадиев, 21 (0:1). Шерзод Маҳамадиев, 38 (0:2). Амирҷон Сафаров, 45+2 (1:2). Нозим Бобоҷонов, 48 (1:3). Муҳсин Абдуғаффоров, 73 –пеналти (2:3). Шерзод Маҳамадиев, 75 (2:4). Отабек Каримов, 83 (3:4).

КМВА «Помир» — «Панҷшер» —   2:0

Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 10 –пеналти (1:0). Шодибек Ғаффоров, 75 (2:0).

Ёдовар  мешавем, ки  бозии марказии даври 12-уми Чемпионати Тоҷикистон-2019 миёни дастаҳои лигаи олӣ-ин рақобат миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва  «Кӯктош»-и  ноҳияи Рӯдакӣ  ба шумор мерафт. Гарчанде рақобати ин ду даста пуршиддат сурат гирифт, аммо мухлисон шоҳиди гол нашуданд.

Ҳамин тавр бозии марказии даври мазкур бо ҳисоби мусовии 0:0 хотима ёфт. Дар бозии дигари даври 12-ум дастаи футболи  «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода  дар хонааш дастаи «Панҷшер»-и   Ҷалолиддини    Балхиро  бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 12-ум

«Регар-ТадАЗ» – «Панҷшер» – 2:0

Голҳо: Нозим Бобоҷонов, 27 (1:0). Нозим Бобоҷонов, 90+3 (2:0).

«Истиқлол» – «Кӯктош» – 0:0

КМВА «Помир» – «Хуҷанд» – 2:1

 Голҳо: Давронҷон Эргашев, 28 (0:1). Шервонӣ Мабатшоев, 70 (1:1). Шодибек Ғаффоров, 88 (2:1).

«Истаравшан» – «Хатлон» – 1:2

Голҳо: Аҳтам Ҳамроқулов, 26 (0:1). Наимҷон Иброҳимзода, 45+2 (0:2). Илҳомҷон Баротов, 69 (1:2).

АМИТ «Ховар»

Tags: