Ғолибони Озмуни «Ташкилоти беҳтарини ҳизбӣ» муайян шуданд

4 декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо   ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон  дар ноҳияи Шоҳмансур дар якҷоягӣ   бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории Озмуни «Ташкилоти беҳтарини ҳизбӣ» баргузор гардид. Ин озмун ба 25-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  бахшида шуда, дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст. Дар ин бора  аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ,   дар  маросими мазкур  муовини Раиси ҲХДТ Раъно Бобоҷониён, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳудуди ноҳия ва дигар сохторҳои ҳизбии пойтахт иштирок доштанд.

Маросими ҷоизасупорӣ бо хондани  Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби иштирокдорони он оғоз  гардид.

Зимни ифтитоҳи маросим Зулфиқор Гулаҳмадзода зикр кард, ки чунин озмунҳо барои ҷалби бештари сокинони шаҳраку маҳаллаҳо, хусусан ҷавонон ва занон ба  ҷонибдории ин ҳизби воқеан мардумӣ замина  гузошта,  онҳоро ба корҳои созандагию ободонӣ дар мамлакат раҳнамоӣ  месозанд.

 Раъно Бобоҷониён аз номи дастгоҳи КИМ ҲХДТ ҳозиринро бо 25-умин солгарди таъсиси ҲХДТ шодбош гуфта,  иброз дошт, ки «ҲХДТ ормонҳои мардумӣ ва арзишҳои миллиро дар Оинномаи худ сабт намудааст. Тӯли 25 соли фаъолият ҲХДТ  тавонист тавассути барномаҳои созанда дар байни мардум нуфузу эҳтиром ва  ҷонибдорони зиёд  пайдо намояд. Аз ҳама муҳим ин аст, ки  фаъолияти ҲХДТ  барои шукуфоии Тоҷикистон ва таъмини зиндагии шоистаи мардуми он  нигаронида шудааст».

Зоир Раҳмонзода зикр кард, ки «мояи хушнудист, ки дар тамоми шаҳру навоҳии Ватани маҳбубамон 25-солагии  таъсиси ҲХДТ аз ҷониби ҳизбиён ва ҷонибдорони он бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Барои мо, аъзои ин ҳизб мояи ифтихору хушнудист, ки ин ниҳоди мардумӣ дар як марҳилаи  кӯтоҳи таърихӣ тавонист дар фазои сиёсии мамалакат ҳамчун ҳизби тавоно ва пешбарандаи ҳокимияти сиёсӣ мақому манзалат ва ҷойгоҳи муносиб пайдо намояд».

     Ҳамин тариқ, озмуни мазкур аз рӯи 10 номинатсия, аз ҷумла «Беҳтарин ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ», «Беҳтарин кумитаи иҷроияи ибтидоӣ», «Беҳтарин маҳалла», «Беҳтарин муассисаи истифодабарандагони манзил», «Беҳтарин таблиғотчӣ», «Беҳтарин утоқи ҳизбӣ», «Беҳтарин гўшаи ҳизбӣ», «Фаъолтарин вакил», «Беҳтарин бахши намояндагии «Созандагони Ватан» ва «Беҳтарин бахши кор бо занон дар ташкилотҳои ибтидоӣ»  доир гардид.

Дар маҷмӯъ, ин озмун зиёда аз 220 ташкилоти ҳизбиро фаро гирифт.

Дар номинатсияи «Беҳтарин ташкилоти ҳизбӣ»   ҷои аввал  насиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Адолатпарвар»-и Донишкадаи такмили ихтисос ва  бозомӯзии кормандони соҳаи адлия гардид.

Ҷои дуюм  ба ду ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ — «Тоҷикагролизинг»-и Корхонаи воҳиди  давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» ва  «Сарват»-и  Хазинаи сарватҳои давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор дониста шуданд.

Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳунарвар»-и   Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ»,  ташкилоти ибтидоии ҳизбии Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  ташкилоти ибтидоии «Қонунгузор»-и  Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  сазовори ҷойи сеюм дониста шуданд.

Мақсад аз баргузор намудани озмуни «Ташкилоти беҳтарини ҳизбӣ» боз ҳам устувор намудани мавқеи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва баланд бардоштани  нуфузи он дар корхонаю муассисаҳо ва шаҳраку маҳаллаҳо, тақвият бахшидан  ба фаъолияти ҳизбӣ дар маҳалли зист ва ҷалби ҳарчи бештари сокинони шаҳраку маҳаллаҳо ба ҷонибдории ин ҳизби мардумӣ ва рушду пешрафти ҷомеа мебошад.

Дар охири ҷамъомад  ғолибони озмун  бо ҷоиза, диплом ва туҳфаҳои молиявӣ қадрдонӣ гардиданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: