Хабаровск: Ҷои аввал ва Шоҳҷоизаи Фестивали «Хӯрокҳои миллии ҷаҳон» ба тоҷикон дода шуд

Дар шароити имрӯзаи глобалӣ ҳифзу гиромидошти анъанаву оинҳои миллӣ барои ҳар як фарди хештаншинос дар мадди аввал меистад.
Дар  шаҳри Хабаровски кишвари Шарқи Дури Федератсияи Русия Фестивали «Хӯрокҳои миллии ҷаҳон» баргузор гардид, ки дар он хӯрокҳои миллии тамоми миллату халқиятҳои  иқоматдошта пешниҳоди тамошобинону ҳакамон гардонида шуд.
Бо ташаббуси раиси бонувони тоҷики кишвари Шарқи Дур Моҳтоб Ғаффурова дар Қаҳвахонаи «Сарез»-и шаҳри Хабаровск хӯрокҳои миллии тоҷикӣ, аз қабили оши палов, мошкичирӣ, шакаробу қурутоб ва нони чаппотиву кулчаҳои ширмол пешниҳод гардида, аз ҷониби ҳакамон сазовори ҷои аввал ва шоҳҷоиза гардиданд.
Меҳмонону ҳакамон ба тарзи ороиши дастурхону тайёр намудани хӯрокҳои миллии тоҷикона шинос гардида, бори дигар қоил шуданд, ки мардуми тоҷик дорои таърихи куҳану малакаи бои тайёр намудани хӯрокҳои гуногунанд, ки дар ҷаҳон талабгорони зиёд доранд.

АМИТ «Ховар»

Tags: