Хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон дар паради ҳарбии Ғалаба дар Екатеринбург иштирок мекунанд

Хизматчиёни ҳарбии чор давлат нахустин маротиба дар паради ҳарбӣ бахшида ба 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар Екатеринбург баргузор мегардад, иштирок хоханд кард. Дар ин бора ба рӯзноманигорон фармондеҳи қӯшунҳои Округи марказии ҳарбӣ, генерал-полковник Александр Лапин хабар дод, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

«Хусусияти паради ҳарбии соли 2020 он аст, ки дар он қисмҳои низомии чор кишвари хориҷӣ дар шаҳри Екатеринбург иштирок менамоянд. Дар назар аст, ки ба он хизматчиёни ҳарбии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ҷалб карда шаванд», — гуфт Лапин.

Дар каламрави Округи марказии ҳарбӣ се паради ҳарбӣ — дар Екатеринбург, Новосибирск, Самара ва зиёда аз 70 паради тантанавӣ 9 май баргузор мегарданд.

Округи марказии ҳарбӣ дар қаламрави округи федералии Приволжйе, Урал, Сибир ва 29 субъекти Россия ҷойгир шудааст. Ба ҳайати округ аз рӯи сохтор якчанд объектҳои хориҷӣ дохил мешаванд – базаи ҳарбии 201 дар қаламрави Тоҷикистон, базаи ҳавоии Кант дар Қирғизистон, инчунин якчанд ҷузъу томҳо дар қаламрави Қазоқистон.

АКС: © Донат Сорокин/ТАСС

АМИТ «Ховар»

Tags: