Хуршедаи Наҷмиддин

Хуршедаи Наҷмиддин 1-уми майи соли 1977 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст.
Ӯ соли 2012 факултаи Журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси Радио ва телевизион хатм кардааст. Хуршеда фаъолияти кориашро соли 2009 чун наттоқ дар идораи Наттоқони “Телевизиони Тоҷикистон” шуруъ намуда, соли 2012 чун мудири ин шуъба фаъолият карда аст. Вай инчунин соли 2015 чун барандаи Идораи барномаҳои “Субҳ” кор карда, аз моҳи августи соли 2015 то ба ҳол чун муҳаррири Идораи барномаҳои иттилоотии “Телевизиони Тоҷикистон” фаъолият менамояд. Ӯ бо Ифтихорномаи Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст. Хуршеда донандаи забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошад.