Ифтитоҳи навбати аввали Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил»

Субҳи имрӯз дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати аввали Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил» иштирок намуданд.

Сохтмон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати аввали Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил» дар ноҳияи Данғара бузургтарин ва муассиртарин иқдоми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи рушди истеҳсолоти ватанӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои зиёди кории нав дар давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат баҳисоб меравад. Таъкид кардан бамаврид аст, ки ба бунёди ин маҷмааи нассоҷии дар минтақа беназир моҳи декабри соли 2014 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асос гузошта шуда, корхона аз чор марҳилаи истеҳсолӣ, аз ҷумла ресандагию бофандагӣ ва рангуборкунию дузандагӣ иборат мебошад. Дар маҷмуъ иқтидори умумии истеҳсолии корхона ба коркарди 52 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 150 млн. метри мураббаъ матоъи пахтагӣ дар як сол баробар буда дар сурати фаъол гардидан бо иқтидори пурра зиёда аз 6 ҳазор нафар бо ҷойи корӣ таъмин мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лента ва пахши таҷҳизоти рамзӣ расман ба фаъолияти марҳилаи аввали Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил» оғоз бахшида ба сокинони ноҳияи Данғара ва дар маҷмуъ ба кулли мардуми сарбаланди Тоҷикистон дар остонаи ҷашни бузурги миллӣ 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як пайки шодию нишот ва муждаи ободию бунёдкорӣ расонданд.

Ин маҷмааи нассоҷӣ дар ҳамкорӣ бо сармоягузорону мутахассисони Ҷумҳурии мардумии Чин бунёд шуда дар коргоҳҳои алоҳидаи он навтарин технологияи коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулот аз ширкатҳои шуҳратманду ҷаҳонии ШМА, Италия, Шветсария, Олмон ва Ҷумҳурии мардумии Чин васлу насб шудааст.

Бояд гуфт, ки дар навбати аввали корҳои истеҳсолии Маҷмааи нассоҷии «Ҷунтай-Данғара-Син-Силу-Текстил» беш аз 15 ҳазор тонна нахи пахта коркарди саноатӣ шуда, зиёда аз 600 нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

То имрӯз барои татбиқи лоиҳаи сохтмони Маҷмааи истеҳсолии нассоҷӣ дар ҳаҷми умумии 600 млн. сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.

         Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо корҳои истеҳсолот дар маҷмааи нассоҷӣ аз масъулини дахлдор истифодаи самарноки таҷҳизоти корӣ, коркарди босифати нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазирро тақозо намуданд. Хотиррасон бояд шуд, ки бо мақсади таъмини корхонаи мазкур бо ашёи хоми маҳаллӣ аз ҷумла пахтаи аълосифат дар айни замон Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар асоси нақшаи бунёди маҷмааи имрӯза беш аз 14,5 ҳазор гектар замин ҷудо гардидааст, ки дар он барои таъмини корхона кишти пахта ба роҳ монда мешавад. Ҳамчунин бо мақсади таъмини корхона бо ашёи хом дар якчанд ноҳияи дигари вилояти Хатлон, ки дар ҳудуди онҳо заминҳо барои кишти пахта вобаста карда шудаанд, бунёди корхонаҳои пахтатозакунӣ дар назар дошта шудааст. Дар айни замон барои фаъолияти муназзами коргоҳи ресандагии Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил» ашёи хом яъне пахтаи коркардшуда аз корхонаҳои пахтатозакунии ноҳияи Данғара ва дигар шаҳру ноҳияҳои минтақа дастрас карда мешавад. Муҳимияти ба кор доровардани маҷмааи нассоҷӣ боз дар он аст, ки дар заминаи он фаъолияти чандин коргоҳу корхонаҳои дигари соҳа вусъати тоза гирифта, парвариши пахта ривоҷ меёбад ва аз ин ҳисоб боз ҳазорҳо нафар шаҳрвандони мамлакат бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.

Баъди шиносоӣ бо сифати корҳои сохтмони маҷмаа, таҷҳизоту технологияҳо ва раванди истеҳсолот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури мардуми ҷамъомада ва аҳли заҳмати корхона суханронӣ намуданд.      Тавре таъкид шуд, рушди саноати сабук, аз ҷумла соҳаҳои бофандагиву дӯзандагӣ ва коркарди ниҳоии ашёи хом аз самтҳои афзалиятноку ояндадори иқтисоди миллӣ ба шумор рафта ба роҳ мондани фаъолияти мунтазами чунин корхонаҳо ба таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ бо молҳои саноатӣ, муҳайёсозии даҳҳо ҳазор ҷойи кории нав ва афзоиши буҷети давлатӣ мусоидат менамояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҳар сол дар кишвар 100-120 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол гардида, аз он 10-12 ҳазор тонна дар дохил коркард мегардад ва боқимонда ҳамчун ашёи хом ба хориҷа содирот шуда, ҳамчунин беш аз 80 фоизи маҳсулоти дӯзандагӣ ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад. Марҳилаи аввали Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил» аз ин баъд шароит фароҳам меоварад, то сармоягузорони дохиливу хориҷӣ бо истифода аз имкониятҳои васеъ дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ фаъолтар кор кунанд.

Ба кор андохтани навбати аввали Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил» боз як қадами боварибахшу устувори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, пешгирӣ аз афзоиши содироти он ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба шуғли аҳолӣ дар саросари мамлакат буда, ҳамчунин иқдоми бузург ва беамсол дар роҳи кам кардани нишондиҳандаҳои воридоти маҳсулоти аз пахта омода шуда ба Тоҷикистон маҳсуб мегардад.