Ифтитоҳи шабакаи “Футбол”

Футбол яке аз намудҳои маъруфтарину ҷаззобтарини варзиш, василаи муҳимми ҳифзу таҳкими саломатии аҳолӣ, қосиди сулҳу субот, омили ташаккулдиҳандаи нерӯву тавоноии инсон ва инъикоскунандаи симои халқу миллат дар арсаи ҷаҳон маҳсуб меёбад.
Бо дарназардошти ин, Ҳукумати мамлакат футболро ҳамчун яке аз бахшҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат эътироф намуда, барои пешрафти он, ҷалби васеи сокинони кишвар бо мақсади оммавигардонии он, солимгардонӣ ва тарбияи ҷисму руҳи солим тадбирҳои муассирро амалӣ мегардонад. Ва беҳуда соли 2015 дар мамлакат Соли оммавияти футбол эълон нашуда буд.
Ба ифтихори Соли ҷавонон, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудааст, Федератсияи футболи Тоҷикистон тасмим гирифт, ки шабакаи нави телевизионии - "Футбол"-ро таъсис диҳад.
Ҳадаф аз таъсиси шабакаи телевизионии “Футбол” муаррифии наврасону ҷавонони болаёқати кишвар, оммавигардонии футбол ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолии кишвар мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки дар ин кори хайр воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаи навтаъсиси телевизионии «Футбол» хизмати арзандаро ба ҷо оварда метавонанд.
Шабакаи "Футбол", ки имрӯз ифтитоҳ ёфт, нахустин шабакаи махсусгардонидашудаи телевизионӣ дар Тоҷикистони азиз буда, бемуболиға ба яке аз намудҳои дӯстдоштатарини варзиш - футбол бахшида мешавад ва барномаҳои худро дар формати муосири телевизионии шаффофияташ баланди HD пахш менамояд.
Шабакаи ҷадиди "Футбол"-и Федератсияи футболи Тоҷикистон на фақат вохӯриҳои дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, бозиҳои лигаи олӣ ва аввали Футболи Тоҷикистон, балки чемпионатҳо ва мусобиқаҳое, ки таҳти васояти Конфедератсияи Футболи Осиё - лигаи чемпионҳо ва Ҷоми Конфедератсияи Футболи Осиё, чемпионатҳои миллии кишварҳои Осиёро инъикос мекунад. Дар эфири шабакаи телевизионии "Футбол" бозиҳои шавқовару мафтункунандаи Лигаи чемпионҳо ва Ҷоми УЕФА, Премер-лигаи Англия, Ла лигаи Испания, бозиҳои "-Серия А"-и чемпионати Италия, Бундеслигаи Олмон, Лигаи аввали футболи Франсия, Ҷоми Амрико Сентенарио, ҳамчунин вохӯриҳои марказии дигар кишварҳои аврупоӣ бо сифати баланд пахш мегарданд. Дар эфири шабакаи нави телевизиони махсусгардонидашудаи футбол, инчунин барномаҳои ҳирфавӣ оид ба чеҳраҳои намоёни ин намуди варзиш, ситораҳои собиқа ва тозазуҳури футбол, аз таърих ва фаъолияти тиму клубҳои алоҳида, чемпионҳои ҷаҳон ва дастаҳои мунтахаби маъруфи олам таҳия ва намоиш дода мешаванд.
Бо итминони комил изҳор медорам, ки таъсиси шабакаи мазкур ҷиҳати боз ҳам ғаниву рангоранг гардидани фазои иттилоотии кишвар, дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, тарзи ҳаёти солим ва зебоипарастӣ тарбия намудани насли ҷавон ва дастрасии бештар пайдо кардани аҳолии кишвар ба иттилооти варзишӣ мусоидат менамояд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон, бори дигар ҳамаи мухлисону алоқамандони футболро бо ин рӯйдоди фараҳбахши Тоҷикистони навин табрику шодбош мегӯяд ва итминони комил дорад, ки шабакаи "Футбол" дар боз ҳам оммавӣ гардидани варзиш, бахусус футбол нақши муассири худро мегузорад.

Варзиш ТВ