Имрӯз бозии рафиқонаи Тоҷикистону Фаластин доир мегардад

Шоми имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо дастаи миллии Фаластин бозии рафиқона анҷом медиҳад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мегардад. Ёдовар мешавем, ки ин дуюмин дидори дастаҳои мунтахаби футболи миллии Тоҷикистону Фаластин ба шумор меравад.
Бозии аввали дӯстона миёни ин дастаҳо 6 сентябри соли равон дар Варзишгоҳи байналмилалии «Дура»-и шаҳри Хеврони Фаластин бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфта буд. Голҳои ин вохӯриро Парвизҷон Умарбоев ва Карлос Салом ба ҳадаф расониданд. Натиҷаи мусовӣ ва ҳунарнамоии чашмраси футболбозони мо, ки ҳайати асосиашро ҷавонон ташкил медиҳанд, ба дилҳо умед мебахшад. Ду бозии охир бо натиҷаи мусовӣ бо дастаҳои мунтахаби арабӣ- Сурия ва Фаластин, ки яке дар раддабандии ҷаҳонӣ дар зинаи 105 ва дигаре дар ҷои 115 қарор доранд, барои дастаи мунтахаби мо натиҷаи мусбат аст.

АМИТ«Ховар»

Tags: