Имрӯз дар аксари ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар аст

havo_0.jpgМувофиқи пешгӯии обуҳавошиносон имрӯз, 27 март дар аксари ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳавои номусоиди боронӣ дар назар дошта шудааст.
ҳаво дар қаламрави ҷумҳурӣ рӯзона то 17 дараҷа ва шабона 6- 9 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Бар асоси пешгӯии обуҳавошиносон пагоҳ, 28 март дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорати ҳаво дар вилояти Суғд рӯзона 19-22 дараҷа, шабона 9-12 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳаво рӯзона 18-23 дараҷа, шабона 10-13 дараҷа гарм мешавад. Дар навоҳии тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, шабона борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.
Ҳаво рӯзона 15-20 дараҷа, шабона 8-11 дараҷа гарм мешавад. Дар ғарби ВМКБ ҳаво рӯзона 5-9 дараҷа гарм ва шабона 0-5 дараҷа хунук хоҳад шуд.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорат шабона 9-12 дараҷа ва рӯзона 20-22 дараҷа гарм мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: