IRS: Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ таъмин аст

Бо вуҷуди пуршиддат ва давомдор будани бориши барф ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ таъмин аст. Баробари шурӯъ шудани бориш техникаҳо сафарбар шуда,  кормандони филиали Ширкат мунтазам роҳро аз барф тоза ва бо маводи зиддилағжиш коркард карда истодаанд, то барои ҳаракати мошинҳо дар ин роҳ ягон чиз монеъ нагардад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Далери Абдулло хабар дод.

Бино ба иттилои мавсуф, дар ин рӯзҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, ки қисмати зиёди он аз минтақаи кӯҳистон мегузарад, хавфи   фаромадани сангпораҳо, омадани сел, лағжиши тарма ва кӯҳпора вуҷуд дорад. Ронандагон бояд аз эҳтиёт кор бигиранду эҳтироми ҳамдигарро ба ҷо оранд.

Дар ҳамин замина кормандони  филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД»  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, ҷиҳати  ба ҳолати аввала баргардонидани қитъаҳои селшустаи роҳ, соҳилбандӣ ва дигар корҳои вобаста  ба ин раванд тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Филиали Ширкат баҳри нигоҳдории роҳ қувваи кофӣ дошта, пойгоҳи техникиаш аз 210 техникаву механизм иборат аст.

Баробари расидани  иттилои нав оид ба вазъи роҳи мазкур маълумоти иловагӣ пешниҳод мегардад

АМИТ «Ховар»

Tags: