Иштироки Сафири Тоҷикистон дар қабули расмии Президенти Олмон

12 январи соли 2017 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов дар қабули расмии Президенти федеролии Олмон дар Қасри Белвюи Берлин иштирок намуд. Дар ин бора аз  Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд.

Дар суҳбати кӯтоҳ Сафири Тоҷикистон Маликшо Неъматов аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти федералии Олмон Йоахим Гаук паёму дуруд ва таманниёти нек расонида, миннатдории ҷониби Тоҷикистонро барои шарикии Олмон дар раванди рушди устувор ва ҳамкории гуногунҷабҳаи ҳарду кишвар изҳор намуд.

Дар қабули расмӣ ҳамзамон Вазири федералии корҳои хориҷии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер ва Вазири ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон Герд Мюллер иштирок доштанд.

АМИТ "Ховар"

Tags: