Иттифоқи «Тоҷикматлубот» сифати маҳсулоти худро беҳтар мегардонад

Барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза ва пешгирӣ намудани болоравии нарх дар бозори истеъмолии шаҳри Душанбе 12 мошини боркаш ба маблағи  беш аз 918 ҳазор сомонӣ харидорӣ карда шуда, имрўз дар минтақаҳои гуногуни шаҳри Душанбе фурўши маҳсулоти кишоварзӣ ба воситаи мошинҳои мазкур ба роҳ монда шудааст.
Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ, дирӯз, 21 июл муовини раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Хуршед Сангаков иттилоъ дод.
Ин иқдом аз тарафи истеъмолкунандагон хуш пазируфта шуд, зеро барои сокинони шаҳр имконият пайдо гардид, ки бо нархи дастрас  ва  аз назди ҷойи истиқоматашон меваю сабзавот харидорӣ намоянд.
Ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар»,  ки чаро сифати маҳсулоти пешкашнамудаи «Тоҷикматлубот» талаботи мардумро қонеъ намегардонад, Хуршед Сангаков афзуд, ки» «аз 12 мошин сайёре, ки дар маҳалҳои гуногуни шаҳр фаъолият доранд, танҳо дар як мошин сардхонаи хурд насб гардидааст. Дигар мошинҳо, ки ин имкониятро надоранд, сабзавоту меваашон зуд сифати худро вайрон мекунанд, бинобар ин дар ояндаи наздик мо  ният дорем  боз якчанд сардхонаҳои хурд харидорӣ намуда, ин камбудиро бартараф созем».
Ба иттилои муовини раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот», ҳамчунин оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи ташкил ва барқарорсозии яхдону сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019» дар шаҳри Душанбе сохтмони сардхона барои нигоҳдории 1500  тонна маҳсулот идома дошта,  то ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.
Хуршед Сангаков тайи чанд рӯзи охир боло рафтани нархи сабзӣ ва помидорро дар бозорҳои шаҳр тасдиқ намуда, гуфт, ки дар ҳақиқат нархи ин маҳсулот 1 сомонӣ боло рафта, сабабаш истеҳсоли ками он мебошад.
Ӯ зикр кард, ки болоравии нархи ин ё он маҳсулот аз ҳаҷми истеҳсоли он вобаста аст.

АМИТ"ХОВАР"

Tags: