Ҳамгурӯҳони дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футзал (U-20) муайян гардиданд

Ҳамгурӯҳони дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футзал(U-20) баъди қуръакашие, ки 30 март дар пойтахти Таиланд-шаҳри Бангкок барои нахустин Чемпионати Осиё гузаронида шуд, муайян гардиданд.
Аз рӯи натиҷаи ин қуръакашӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои мунтахаби Ветнам, Япония, Тайбейи Чин ва Индонезия ба гурӯҳи «В» шомил шуд.
Дар Чемпионати якуми Осиё оид ба футзал дар ин синну сол 21 даста дар чор гурӯҳ -се гурӯҳи иборат аз 5 даста ва як гурӯҳи иборат аз 6 даста барои ба бозиҳои минбаъда роҳхат гирифтан мубориза мебаранд. Ду дастаи беҳтарин аз гурӯҳҳо ба бозиҳои чорякфиналӣ мебароянд ва сипас аз рӯи низоми олимпӣ ҳар дастаи мағлубшуда мусобиқаро тарк мегӯяд.
Ёдрас мешавем, ки чемпионати якуми Осиё оид ба футзал байни ҷавонони то 20-сола дар пойтахти Таиланд-шаҳри Бангкок аз 16 то 26 май гузаронида мешавад.
Натиҷаи қуръакашии бозиҳои финалии чемпионати якуми Осиё оид ба футзал байни ҷавонон чунин аст:
Гурӯҳи «А»: Тайланд, Ироқ, Малайзия, Бруней, Баҳрайн, Афғонистон.
Гурӯҳи «В»: Ветнам, Япония, Тайбэйи Чин, ТОҶИКИСТОН, Индонезия.
Гурӯҳи «С»: Ӯзбекистон, Қатар, Лубнон, Мянма, Гонконг.
Гурӯҳи «D»: Эрон, Қирғизистон, Чин, Муғулистон, Амороти Мутаҳидаи Араб.

АМИТ «Ховар»