Ҳар ҷо ҳарфи китобу ҳикмат бошад, он ҷо донишу маърифат аст…

Мулоқоти навбатии кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи барномаи даъват ба китоб ва китобхонӣ бо донишҷӯёни Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода баргузор гардид.
Чун анъана кормандони китобхона ба ширкаткунандагони мулоқот дар бораи таърихи китобу китобдорӣ, китобшиносиву китобхонаҳо ва қадру манзалати илму дониш нақл карданд.
Донишҷӯён иброз доштанд, ки ин гуна дидору мулоқот бароямон як ҷаҳон фараҳу шодӣ меорад, зеро суҳбатҳо атрофи китобу ҳикматанд ва «ҳар ҷо ҳарфи китоб бошаду ҳарфи ҳикмат, он ҷо дониш аст».
Кормандони китобхона дар бораи имкониятҳои Китобхонаи миллӣ ва теъдоди китобҳову толорҳои хониш, китобҳои электронӣ ва хизматрасониҳои гуногун, ҳамчунин мавҷудияти дарсҳои омӯзишии забонҳо маълумот дода, чун анъана барои ширкаткунандагон варақаҳои иттилоотӣ ва таблиғотӣ тақсим карданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: