Ҳайати Тоҷикистон дар Ҳаждаҳумин иҷлосияи сарони Ҷунбиши адами тааҳҳуд дар Боку иштирок намуд

25-26 октябр дар Боку Ҳаждаҳумин иҷлосияи сарони кишварҳои узви Ҷунбиши адами тааҳҳуд баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ иштирок намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни суханронӣ Хусрав Нозирӣ ба зарурати пойбандии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба принсипҳои пазируфтаи ҳуқуқи байналмилалӣ таъкид карда, ба саҳми кишвари мо дар ҳалли масъалаҳои умдаи байналмилалӣ, ба вижа дар заминаи мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосири ҷаҳонӣ ишора кард.

Ҷунбиши адами тааҳҳуд созмони байналмилалиест, ки 125 кишвар дар он узвият дошта, Тоҷикистон дар созмони мазкур узви нозир мебошад.

АКС: ВКХ ҶТ
АМИТ «Ховар»

Tags: