Ҳукумати Русия созишнома бо Тоҷикистонро дар бораи эътирофи шаҳодатномаҳои эмгузаронӣ бар зидди коронавирус тасдиқ кард

ТВТ.06.09.2022. Сарвазири Русия Михаил Мишустин дастур дод, ки бо Тоҷикистон дар бораи эътирофи мутақобилаи шаҳодатномаҳои эмгузаронӣ бар зидди коронавирус созишнома баста шавад. Амри дахлдори ӯ рӯзи шанбе дар сомонаи расмии иттилооти ҳуқуқии Федератсияи Русия нашр гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

«Пешниҳоди Вазорати тандурустии Русия дар бораи тавассути табодули нотаҳо бастани созишнома миёни Ҳукумати Федератсияи Русия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эътирофи мутақобилаи шаҳодатномаҳои эмгузаронӣ бар зидди сирояти нави коронавирус (COVID-19), ки бо Вазорати корҳои хориҷии ФР ва дигар мақомоти иҷроияи федералии дахлдор мувофиқа шуда, қаблан бо ҷониби Тоҷикистон таҳия гардидааст, қабул карда шавад», — омадааст дар санад.

Дар робита ба ин, Михаил Мишустин лоиҳаи нотаи дахлдори ҷониби Русияро ба тасвиб расонд ва ба вазорати корҳои хориҷӣ дастур дод, ки аз номи ҳукумат ин гуна аснод бо Тоҷикистонро табодул кунад. Дар ҳолати зарурӣ, Мишустин инчунин иҷозат дод, ки ба лоиҳа тағйироте, ки «хусусияти бунёдӣ надоранд», ворид карда шаванд, бармеояд аз амр.

Тибқи лоиҳаи нота, Федератсияи Русия ва Тоҷикистон ба мувофиқа мерасанд, ки «маҳдудият нисбат ба дорандагони шаҳодатномаҳои эмгузарониро бинобар паҳншавии сирояти нави коронавирус», ки дар қаламрави ҳарду давлат дода шудаанд, инчунин нисбат ба кӯдакон ва наврасони то 18-сола, ки шаҳодатнома надоранд, татбиқ накунанд. Лоиҳа муқаррар мекунад, ки шаҳодатномаҳо ба ғайр аз маълумоти шахсии шаҳрванд бояд рамзи QR-и заруриро бо маълумот дар бораи эмгузаронӣ дошта бошанд.

Санад пешбинӣ мекунад, ки ҳар кадоме аз тарафҳо метавонад ҳар вақт созишномаро пурра ё қисман боздорад ва аз нияти худ расман огоҳ созад.

Дар охири моҳи август Мишустин ҳамчунин дастур дод, ки бо Беларус созишнома дар бораи эътирофи мутақобилаи шаҳодатномаҳои эмгузаронӣ бар зидди коронавирус баста шавад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар

Tags: