Конфронс ба муносибати 25-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ бо Шоҳигарии Белгия

26 сентябр дар бинои Хадамоти федералии корҳои хориҷӣ, савдои хориҷӣ ва ҳамкорӣ баҳри рушди Шоҳигарии Белгия ба муносибати 25-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шоҳигарии Белгия конфронс баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар донданд, дар конфронс намояндагони кишварҳое, ки 25 сол қабл бо Шоҳигарии Белгия муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудаанд, ҳузур доштанд. Конфронсро Котиби генералии Хадамоти федералии корҳои хориҷӣ, савдои хориҷӣ ва ҳамкорӣ баҳри рушди Шоҳигарии Белгия Дирк Ахтен ҳусни оғоз бахшида, дар идомаи он намояндагони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла муовинони вазирони корҳои хориҷии Беларус, Украина, сафирони Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Молдова, Қирғизистон, Гурҷистон ва мушовирони сафоратҳои Қазоқистону Туркманистон вобаста ба муносибатҳои кишварҳои худ бо Белгия тайи 25 соли охир сухан гуфтанд.
Сафири Тоҷикистон зимни суханронии худ ҷанбаҳои калидии муносибатҳои дуҷонибаро бо Шоҳигарии Белгия шарҳ дода, аз ҷумла, иброз дошт, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори рушди робитаҳо бо Белгия дар бахшҳои сиёсиву фарҳангӣ, соҳаҳои иқтисодиёту тиҷорат, сармоягузорӣ ва туризм буда, таҳкими ҳамкориро вобаста ба амният ва мубориза бар зидди таҳдиду чолишҳои муосир айни муддао медонад”.
Муовини Нахуствазир, Вазири корҳои хориҷии Белгия Дидйе Рейндерс оид ба муносибатҳои дуҷониба бо намояндаи ҳар як кишвари дар конфронс ҳузурдошта сухан гуфта, зикр кард, ки Белгия ҷонибдори сулҳу амният, рушди иқтисодӣ ва пурқувват гардонидани равандҳои демократии минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Аврупои Шарқӣ мебошад ва кӯшишҳои худро барои боз ҳам тақвият бахшидани робитаҳои дӯстӣ бо кишварҳои ин манотиқ дареғ нахоҳад дошт.

АМИТ "Ховар"

Tags: