Кумитаи ҳолатҳои фавкулода сокинони кишварро аз эҳтимоли яхбандӣ ва тармафароӣ ҳушдор медиҳад

Бинобар сардиҳои шадид Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро огоҳ мекунад, ки то 27 ноябри соли равон дар қаламрави мамлакат ҳарорати ҳаво рӯзона -5-7 дараҷа ва шабона -10-15 дараҷа хунук мешавад.
Дар ҷумҳурӣ эҳтимоли боридани барф, яхбандӣ ва дар минтақаҳои кӯҳӣ тармафароӣ вуҷуд дорад.
Аз ин рӯ, хатари гусастани хатҳои алоқа ва интиқоли неруи барқ, расидани зарар ба аҳолӣ, ҳамчунин афзоиш ёфтани шумораи садамаҳои нақлиётӣ ба миён меояд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки дар чунин рӯзҳо ҳаракати бе зарурати худро аз як ҷой ба макони дигар аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд созанд. Аз кӯчаву гузаргоҳҳо бо эҳтиёт ҳаракат кунанд, ба хати интиқоли неруи барқ бештар диққат диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки барфи нахустин дар кишвар 20 ноябр борида, сардии он то имрӯз боқӣ мондааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: