Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» ба омӯзгорон истифодаи технологияи иттилоотӣ меомӯзонад

Дар маркази тренингии Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзгорони фанни технологияи иттилоотии литсейҳои ҳадафии лоиҳа ва маркази таълими калонсолони шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Истифодаи технологияи иттилоотӣ ва тарзи дуруст ба роҳ мондани кори компютер» тренинги кӯтоҳмуддат баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории тренинг баланд бардоштани малакаи кори компютерии омӯзгорон, устоҳои таълимӣ ва ҳайати роҳбарикунандаи муассисаҳои таълимии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ мебошад.

Ин машғулиятҳо  аз 16 то 18 сентябр барои омӯзгорони муассисаҳои ҳадафии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд гузаронида шуданд. Баргузории омӯзишҳо барои омӯзгорони муассисаҳои ҳадафии вилояти Хатлон дар шаҳрҳои Кӯлоб аз 28 то 30 сентябр ва дар шаҳри Бохтар аз 1 то 3 октябр ба нақша гирифта шудааст. Дар маҷмӯъ тибқи нақша, 73 муаллими фанни технологияи иттилоотии литсейҳои ҳадафии лоиҳа ва марказҳои таълими калонсолон аз омӯзишҳои серӯза гузашта, пас аз хатми онҳо дониши андӯхтаашонро ба дигар омӯзгорони муассисаҳои таълимии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ таҳвил хоҳанд кард.

Тренингҳои мазкур дар доираи қисмати аввали лоиҳа: «Мукаммалсозии методологияи низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ- техникӣ ва омӯзиш» гузаронида мешаванд, ки ин қисмат ҷорӣ намудани методологияи таҳсилот дар асоси салоҳияти касбиро дар назар дорад. Бо ин мақсад аз рӯйи 17 ихтисоси интихобшуда стандартҳои салоҳият, барнома, маводи таълимӣ ва воситаҳои баҳодиҳӣ бо назардошти масоили гендерӣ таҳия мегарданд.

Бо мақсади татбиқи самараноки лоиҳа ва баланд бардоштани малакаи кори кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба муассисаҳои соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон компютерҳои замонавӣ ва таҷҳизоти муосир дастрас гардида, баргузории чунин тренингҳо муҳим ва саривақтӣ арзебӣ карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» дар асоси созишномаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон аз соли 2016 амалӣ мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: