Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ баргузор гардид.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумат нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар соли 2016 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2017 муайян карда шудаанд.

Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони сохторҳо ва мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кори маҷлисро оғоз бахшида таъкид намуданд, ки соли 2016 барои мардуми тоҷик, дар ҳақиқат, соли таърихӣ ва бобарор ба ҳисоб рафта, дар маҷмӯъ, бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст мешавад.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2016 нахуст ҳисоботи Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода шунида шуд.

Тавре таъкид гардид, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ рушди босуботи иқтисодии мамлакат нигоҳ ва иҷрои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва иҷтимоӣ тибқи ҳадафҳои афзалиятнок таъмин карда шуданд.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 54 миллиард сомонӣ ва афзоиши воқеии он ба 6,9 фоиз баробар гардида сарфи назар аз коҳишёбии қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ, нархҳо дар бозори истеъмолӣ дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шуданд ва сатҳи таваррум 6 фоизро ташкил дод.

Тавре таъкид шуд, рушди иқтисодӣ, аз ҷумла ба афзоиши маблағгузориҳо ба сармояи асосӣ дар ҳаҷми 17,4 фоиз, маҳсулоти саноатӣ — 16,0 фоиз, гардиши савдои чакана- 6,0 фоиз ва маҳсулоти кишоварзӣ- 5,2 фоиз мусоидат намуда нақшаи ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ – 95 фоиз таъмин ва ба он 16,8 млрд. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 907 млн. сомонӣ кам мебошад.

Дар даври ҳисоботӣ нақшаи воридоти андозҳо аз ҷониби мақомоти андоз — 98,2 фоиз ва Хадамоти гумрук 90,1 фоиз таъмин гардидааст.

Зикр шуд, ки бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2016-ум 52 фоизи хароҷоти буҷет, яъне 8,1 миллиард сомонӣ ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона гардид.

Ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва таҳлилу ҷамъбасти воқеии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2016, ба Сарвазири мамлакат, муовини якум ва муовинони Сарвазир дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар кори маҷлиси Ҳукумати мамлакат инчунин ҳисоботи Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, молия Абдусалом Қурбониён ва раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода шунида шуд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти номуназзами минтақаҳои озоди иқтисодӣ, иҷро нашудани нақшаи даромади буҷети давлатӣ ва андоз, саҳлангорӣ дар пешбурди корҳои илмӣ, ихтироот ва навоварӣ, пурра таъмин нашудани уҳдадориҳои иҷтимоии давлатӣ ва дигар мушкилоту норасиҳо изҳори нигаронӣ карда, дастуру супоришҳои қатъӣ доданд, ки назорат барои ислоҳи камбудию мушкилоти мавҷуда пурзур карда шаванд.

Сипас ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сардори Хадамоти гумрук Абдуфаттоҳ Ғоиб директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Сафаралӣ Наҷмиддинов оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳо дар соли 2016 ҳисобот доданд.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ва Раиси БДА «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода доир ба тадбирҳои беҳдошти низоми бонкӣ ва сиёсати самараноки пулию қарзӣ, Вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозода оид ба ҳолати иқтидорҳои саноатӣ, бунёд ва таъсиси коргоҳ ва корхонаҳои истеҳсолии нав гузириш доданд. Аз фаъолият накардани 450 корхонаи хурду бузурги саноатӣ дар соли равон, роҳандозӣ нашудани тадбирҳо дар самти тақвиятбахшии истеҳсолоти қолинбофии дастӣ, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва хӯрокворӣ изҳори нигаронӣ карда Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти вазорати саноат ва технологияҳои навро барои ҷоннок намудани корҳо дар ин самт дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.

Дар кори маҷлис баъдан Вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, Раиси Ширкати Саҳҳомии Холдингии Кушодаи Барқи тоҷик Мирзо Исмоилзода ва Директори генералии ҶСК НБО «Роғун» Хайрулло Сафарзода дар бораи вазъи энергетикии мамлакат, тадбирҳо вобаста ба пешгирии талафоти аз меъёр зиёди барқ ва ҷамъоварии ҳаққи истифодаи он, рафти сохтмон ва навсозию таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обӣ бо ҳисобот баромад намуданд.

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода доир ба масъалаҳои вобаста ба вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар  бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва нишондиҳандаҳои сатҳи ҷинояткорӣ дар соҳаи энергетика гузориш дод.

Дар идомаи кори маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири кишоварзӣ Сатторӣ Иззатуло дар бораи вазъи кишту кори тирамоҳӣ, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, содироти меваю сабзавот, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Аҳмадзода Раҷаббой оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти истифодаи замин ва раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодири Қосим дар бораи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҷалби бештари сармоя ба иқтисодиёти кишвар ҳисобот доданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазири маориф ва илм Саид Нуриддин Саид дар бораи норасоии кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди мактабҳои нав, ба Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода баҳри бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занони хонанишин, ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ Нусратулло Салимзода оид ба дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ, ба директори Агентии захираҳои моддӣ Нурмаҳмад Аҳмадзода оид ба захира намудани маводи сӯзишвориву хӯрокворӣ ва масолеҳи сохтмон ва дар ҳолатҳои зарурӣ бо аҳолии зарардида таъмин намудани онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамчунин дар кори маҷлис ҳисоботи раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед, раисони вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ шунида шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои бартараф кардани камбудиҳо дар самти истифодаи заминҳои обӣ, тезондани корҳои сохтмонӣ ва иҷрои нақшаи шудгору кишти тирамоҳӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

Зимни ҳисоботи раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳияҳои пойтахтро ба вусъати корҳои ободонӣ, иҷрои нақшаи даромади буҷет ва дар муҳлатҳои кутоҳтарин пурра ба системаи гармидиҳии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе — 2 пайваст кардани иншооти пойтахт ҷалб намуданд.

Супоришҳои дигар ҳамчунин оид ба беҳтар кардани хизматрасонии коммуналӣ ба аҳолӣ, масъалаи зимистонгузаронӣ, ҷоннок кардани фаъолияти корхонаҳои саноатии пойтахт ва назорати кори комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дода шуд.

Дар кори маҷлиси васеъи Ҳукумати кишвар инчунин ҳисоботи Вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Ҷамшед Аҳмадзода, Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода, раиси Кумитаи телевизион ва радио Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Абдулозода Аҳтам Рустам ва раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Сулаймон Давлатзода шунида шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба раисони шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ барои вусъати корҳои ободонию созандагӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар анҷоми кори маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017 суханронӣ карданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти тамоми бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат дар соли 2016 Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор намуданд, ки нақшаи чорабиниҳоро ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои дар Паёми навбатӣ баёнгардида ҳарчи зудтар омода ва татбиқи саривақтии онро таъмин намоянд.