Маликшо Неъматзода Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон интихоб гардид

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар рӯзномаи ҷаласа се масъала баррасӣ гардида, оид ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои генералӣ “Дар бораи татбиқи самтҳои асосии дастуру супориш ва нишондиҳандаҳое, ки зимни мулоқоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 24 октябри соли 2019, барномаи пешазинтихоботии номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон пешниҳод гардида буданд», мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, нақшаи корӣ барои солҳои минбаъда тасдиқ гардид.

Масъалаи дуюми рӯзнома лоиҳаи “Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023” баъди баррасии аъзои Шӯрои генералӣ маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Масъалаи сеюми рӯзнома – ҳайати роҳбарикунандаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баррасӣ гардида, Неъматзода Маликшо Маҳмадшо Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Файзизода Исмоил Нарзӣ – муовини якум ва Назарзода Нигора Нураҳмад – муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон интихоб гардиданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: