Маркази миллии тестӣ: воридшавӣ ба кабинети инфиродиро бо SMS-паёмак барқарор кунед

Довталабоне, ки рамзи воридшавӣ ба кабинети инфиродии худро фаромӯш кардаанд ё бо сабабҳои гуногун ба он ворид шуда наметавонанд, рамзи воридшавӣ ба кабинети инфиродиашонро метавонанд бо фиристодани SMS-паёмак аз телефони мобилиашон барқарор кунанд.
Дар ин бора аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар»   иттилоъ доданд.
Тартиби барқарорсозии рамзи воридшавӣ ба кабинети инфиродӣ чунин аст:
1. Довталаб аз телефони мобилии худ, ки рақами онро дар вақти бақайдгирӣ нишон дода, он дар варақаи бақайдгириаш дар майдони «Телефони мобилӣ» қайд гардидааст, ба рақами кӯтоҳи 1617 матни «p рақами назоратии худ» (масалан p1025016004856)-ро равон менамояд.
Хотиррасон менамоем, ки ҳарфи «p» лотинӣ (англисӣ) навишта шуда, байни он ва рақами назоратии довталаб фосила гузошта намешавад.
2. Дар ҷавоб ба рақами телефони мобилии довталаб ба таври худкор (автоматӣ) рамзи муваққатӣ фиристода мешавад, ки аз ҳарфҳои лотинӣ (англисӣ) ва рақамҳо иборат аст.
3. Довталаб саҳифаи воридшавӣ ба кабинети инфиродиро тавассути пайванди http://cabinet.ntc.tj мекушояд.
4. Довталаб дар майдони «Номи корбар» рақами назоратӣ ва дар майдони «Рамз» рамзи муваққатии тавассути телефони мобилӣ дастрасшударо ворид карда, тугмаи «Воридшавӣ»-ро пахш менамояд.
5. Пас аз пахши тугмаи «Воридшавӣ» равзанаи «Лутфан рамзи худро иваз намоед!» пайдо мешавад, ки он аз довталаб иваз кардани рамзи муваққатиашро дархост менамояд.
Дар ин равзана, ки аз 3 майдон ва 1 тугма иборат аст, довталаб дар майдони «Рамз» рамзи муваққатӣ ва дар майдонҳои «Рамзи нав» ва «Тасдиқи рамзи нав» рамзи нави худро дар ҳар ду майдон дохил карда, тугмаи «Сабт»-ро пахш мекунад. Дар майдонҳои «Рамзи нав» ва «Тасдиқи рамзи нав» рамз бояд айнан як хел дохил карда шавад. Ҳамин тавр система рамзи навро барои дар оянда истифода кардани кабинети инфиродӣ сабт карда, истифодаи он барои довталаб дастрас мегардад.
Бояд гуфт, ки фиристодани SMS- паёмак пулакӣ буда, арзиши он 1 сомониро дар бар мегирад.    Довталаб наметавонад рамзи воридшавӣ ба кабинети инфиродиашро бо истифода аз телефони мобилие барқарор созад, ки рақами онро дар вақти бақайдгирӣ нишон надодааст ё онро ҳамчун телефони хона нишон додааст.
Ҳангоми навиштани матни SMS-паёмак пешванди «p» (лотинӣ англисӣ) ва «рақами назоратӣ»-и довталаб бояд дуруст навишта шавад.
Дар вақти ворид кардани рамзи муваққатие, ки система бо SMS-паёмаки ҷавобӣ мефиристад, дуруст навиштани ҳарфҳои лотинӣ (англисӣ), аз ҷумла калонию хурдии ҳарфҳо  риоя карда шавад.
Ҳангоми иваз кардани рамзи муваққатӣ дар равзанаи «Лутфан рамзи худро иваз намоед!» ба номи майдонҳо бояд  диққат дод.

АМИТ"ХОВАР"

Tags: