Маслиҳати мутахассис: Яхобмонӣ аз муҳимтарин корҳои агротехникӣ ва нигоҳ доштани намӣ дар хок ба ҳисоб меравад

Яхобмонӣ аз  муҳимтарин корҳои  агротехникӣ  ба ҳисоб рафта, он асоси нобуд кардани ҳашароти зараррасон ва нигоҳ доштани намӣ дар хок ба ҳисоб меравад.  Вобаста ба ин масъала Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2019 дар Паёми  солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ доир ба яхобмонӣ сухан карда, иброз намуданд, ки бояд деҳқонон ба ин масъала диққати махсус зоҳир намуда, сари вақт ба заминҳо яхоб монанд. Зеро яхобмонӣ манфиати зиёд дошта,  дарахтонро аз гулкунии барвақтӣ пешгирӣ менамояд.

Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Саидалӣ Гулов доир ба ин масъала зимни суҳбат  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки бояд дар  соҳаи кишоварзӣ корҳои агротехникӣ дар вақт ва муҳлати зарурӣ гузаронида шаванд.

«Тавре мебинем,  зимистони имсола хеле гарм ва бебориш аст, аз ин рӯ  дар боғҳо гузарондани обмонии захиравӣ ва яхобмонӣ хеле  зарур ва саривақтӣ мебошад. Новобаста аз он ки ҳарорати ҳаво дар фасли зимистон гарм аст ё сард, бояд дар заминҳо обмонии захиравӣ гузаронида шавад.  Агар хоҷагидорон  обмонии захиравӣ ва яхобмониро сари вақт  гузаронанд,  дарахтон дар зимистон боз карахттар шуда, дертар ба нашъунамо оғоз мекунанд»,- гуфт профессор Саидалӣ Гулов.

Ба зикри номбурда,  аҳамияти яхобмонӣ аз он иборат аст, ки об  дар бехи дарахтон захира шуда,  касалиҳои хок ва ҳар гуна  ҳашарот нобуд  мешаванд.  Инчунин шӯрии  хок  кам шуда, сохти он   беҳтар мешавад ва замин хубтар нам мекашад.  Давраи  гулкунии дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла бодом ва зардолу  ба қафо партофта мешавад.

Яхобмонӣ  имконият медиҳад, ки дарахтон аз сардиҳои ногаҳонии баҳорӣ эмин монанд. Вақте ки давраи хунукии ногаҳонии фасли баҳор  гузашт, сипас дар оғози гулкунӣ метавон ҳосили хубу босифат ба даст овард.

«Корҳои   дигаре, ки иҷрои  онҳо  дар фасли зимистон бисёр муҳим аст, ин  башаклдарории дарахтони боғҳои навбунёд, буридани навдаҳои дарахтони ҳосилдиҳанда, шудгори байни дарахтон,  ба танзим даровардани ҳосилнокии онҳо ва додани нуриҳои органикию маъданӣ  мебошад”,- мегӯяд узви  вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидалӣ Гулов.

Ёдовар мешавем, ки меъёри яхобмонӣ аз таркиби хок ва чуқурии обҳои зеризаминӣ вобаста буда, давраи яхобмонӣ шурӯъ аз охири моҳи ноябр то феврал гузаронида мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: