Масоили таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо Намояндаи доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон баррасӣ гардиданд

Таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва нақшаҳои тиҷоратӣ дар соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла инфрасохтори соҳа дирӯз дар мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода  бо Намояндаи доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон хонум Айтен Рустамова мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.

Инчунин зимни мулоқот масъалаҳои дигари рушди соҳаи сайёҳӣ ва пешбурди имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар, афзоиши хатсайрҳои ҳавопаймоӣ, осонтар намудани дастрасии сайёҳон ба ҷумҳурӣ ва баргузор намудани чорабиниҳо матраҳ гардиданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки Лоиҳаи кумаки машваратии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба ширкатҳои ватании сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо ва истироҳатгоҳҳо ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва нақшаҳои тиҷоратӣ, ташкили сомонаи интернетӣ, гузаронидани тадқиқоти маркетингӣ ва ташкили бренд, ба роҳ мондани стандартҳои байналмилалии муҳосибот ва дигар самтҳо кумак менамояд.

Вобаста ба масъалаҳои мазкур бо иштироки ширкатҳои сайёҳӣ суҳбату муаррифии имкониятҳои Лоиҳаи кумаки машваратии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба бахши хусусии соҳаи сайёҳӣ баргузор карда мешавад.

АМИТ "Ховар"

Tags: