Мубодилаи Тасдиқномаҳои Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб

Дар Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб  /АМА/ 18 апрел маросими ба имзо расонидани Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб  дар бораи супоридани маҳкумшудагон аз 17 марти соли 2016 баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Протоколи мазкурро аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар АМА Баҳодур Шарифӣ  ва аз номи Амороти Муттаҳидаи Араб муовини Вазири  корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалӣ оид ба  ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи байналмилалӣ Аҳмад Абдураҳмон Алҷерман ба имзо расониданд.

Мутобиқи моддаи 20 Созишномаи мазкур, он 18 майи  соли 2018 эътибор  пайдо хоҳад кард.

АМИТ «Ховар»