Муборизаи ҷавондухтарон барои ҷоми “Пойтахт”

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар бори нахуст мусобиқаҳои кушоди ҷумҳуриявӣ аз намудҳои гӯштини миллӣ, пойга (аспдавонӣ), тенниси калон ва волейболро миёни ҷавондухтарон барои дарёфти ҷоми “Пойтахт”доир хоҳад кард.
Ба иттилои дафтари матбуотии Кумита мусобиқаҳои мазкур бо мусоидати бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ роҳандозӣ шудаанд.
Тибқи иттилои манбаъ, нақшаи тадбирҳо оид ба баргузории мусобиқаҳои варзишӣ, оммавӣ ва солимгардонӣ дар соли равон таҳия шуда, аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст.
Мусобиқаҳои мазкур дар заминаи Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ, ки бори нахуст дар саросари кишвар баргузор мегарданд, ба хотири эҳтиром ва арҷгузорӣ ба расму ойин, суннат, анъанаҳои миллӣ ва эҳёи бозиҳои миллии варзишӣ доир мешаванд.

Tags: