Мулоқот бо роҳбарону мутахассисони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва сокинони шаҳри Роғун

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз иштирок дар маросими оғози бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва шиносоӣ бо рафти корҳои барқарорсозӣ дар нерӯгоҳ бо роҳбарону мутахассисон ва сокинони шаҳри Роғун мулоқоти самимӣ доир карданд.

Дар оғоз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни мулоқот ва дар симои онҳо тамоми шаҳрвандони кишварро бо оғози корҳои бунёди сарбанди нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» табрику таҳният гуфта, ин санаро рӯзи равшаниву нур ва бунёди пойдевори асосӣ барои расидан ба ормонҳои миллӣ ва фардои дурахшони Тоҷикистони азизамон маънидод карданд.

Вобаста ба ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва аҳамияти бунёди неругоҳи барқи обии Роғун Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки истифодаи захираҳои ғании гидроэнергетикӣ, бахусус бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун роҳи асосии расидан ба истиқлолияти комили энергетикии Тоҷикистон аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба аҳамияту афзалияти нерӯгоҳи барқи обии Роғун таъкид намуданд, ки иншооти “Роғун” бо иқтидори 3600 мегаватт ва ғунҷоиши 13,3 километри мукааб об дар обанбори он, метавонад барои ҳаллу фасли масъалаҳои обу энергетика дар минтақа нақши арзишманд дошта бошад. Иншооти мазкур имкон медиҳад, ки дар кишварҳои поёноб обёрии заминҳои дар истифода қарордошта ва азхудкунии заминҳои нав таъмин карда шавад. Ташхисҳои аз ҷониби коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ва олимону коршиносони машҳури ҷаҳонӣ амалигардида низ ин гуфтаҳоро тасдиқ мекунад.  

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки Тоҷикистон дар сиёсати худ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамкориҳои минтақавиро, бахусус, бо кишварҳои ҳамсояи худ ҳамеша дар мадди аввал мегузорад ва чунин муносибатро ягона роҳи ҳалли ҳама гуна мушкилот мешуморад. Халқи тоҷик дар давоми асрҳои зиёд бо ҳамсояҳои худ дар фазои оромиву осоиш ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамкорӣ зиндагӣ кардааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати дарҳои боз бо кулли кишварҳои минтақа, аз ҷумла бо Ӯзбекистони дӯсту бародар дар самтҳои мутақобилан судманд, бахусус, обу энергетика, нақлиёт ва соҳаҳои дигар ҳамкориҳои неки ҳамсоягиро ба роҳ мондааст - таъкид доштанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва изҳори умедворӣ карданд, ки тамоми масъалаҳои муҳимми муносибатҳои дуҷониба дар руҳияи ҳусни тафоҳум ва ба манфиати халқҳоямон ҳалли худро пайдо хоҳанд кард.

Дар охир Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи ҳозиринро бо оғози корҳои сохтмонӣ дар сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун муборакбод гуфта, ҳамаи дастовардҳо дар самти рушди соҳаи энергетика ва умуман, дар бахшҳои ҳаётан муҳимро аз самараи истиқлолият маънидод карданд.