Мулоқоти Пешвои миллат бо Ноиби Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ

Дар шаҳри Деҳлӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Ноиби Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон, Раиси Раҷя сабҳа (Шӯрои Штатҳо) — Палатаи болоии парлумони ин кишвар Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ мулоқот намуданд.

Дар мулоқот масоили рушду густариши бемайлони робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ҳиндустон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ омили муҳими таҳкими муносибатҳои дӯстонаи барои ҷонибҳо судманд ба ҳисоб рафта, дар ин замина робитаҳои зичи байнипарлумонӣ низ метавонанд дар беҳтар гардонидани ҳамшарикии дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустон бо мазмуну мундариҷаи нав ва бо таври назаррас мусоидат намоянд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар оянда парламентҳои ду давлат дар таъмини фазои мусоид барои таҳкиму рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар бахшҳои сиёсату амният, тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, маориф ва фарҳангу иттилоот саҳми бештару хубтар мегузоранд.

Тавсеаи шарикии иқтисодӣ ва амниятию низомии ду давлат омили муҳими таъмини пешрафти назарраси иқтисодию иҷтимоии Афғонистон, амнияту суботи минтақа ва мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир арзёбӣ гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар масоили муҳими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар доираи узвият дар ташкилоту созмонҳои бузурги минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.