Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» Пиетро Салини

Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo) Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Салини Импреҷило» дар бунёду барқарорсозии иншооти гидроэнергетикӣ, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии «Роғун» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҷонибҳо доир ба сатҳу сифати корҳо ва рафти маблағгузории сохтмони иншооти муҳими гидроэнергетикӣ табодули афкор карда, таъмини иҷрои саривақтии нақшаи корҳои лоиҳавӣ ва масъалаҳои вобаста ба молия ва сармоягузориро аз омилҳои асосии пешравии кор дар сохтмони сарбанди неругоҳ арзёбӣ намуданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки аз ҷониби ширкати «Салини Импреҷило» ҳамчун ширкати боэътимод ва пешрафтаи байналмилалӣ, ки дар сохтмони сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» иштирок менамояд, барои иҷрои корҳои лоиҳавии бунёди иншоот тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда, камбудию мушкилоти ҷойдошта дар ин самт сари вақт бартараф карда мешаванд.

Дар мулоқот дигар мавзӯъҳои марбут ба иҷрои уҳдадориҳои дуҷониба дар сохтмон ва барқарорсозии иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва ҷалби ин корпоратсияи байналмилалии сохтмонӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни сармоягузории Тоҷикистон муҳокима гардиданд.