Муроҷиати шаҳрванди пойтахт ба суроғаи электронии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид

Кормандони Бозрасии давлатии  автомобилии  Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе  ронандаҳои вайронкунандаи қоидаиҳои ҳаракат дар роҳро, ки истиқоматкунандаҳои шаҳри Душанбе — Фахриддин Одинаев  (мошинаи тамғаи Лексус 250, қайди давлатиаш 0004НО01),   Ҳасан Сафаров (мошини тамғаи Хундай Солярис мансуб ба Ширкати «Рахш-таксӣ», қайди давлатиаш 8423 ТТ05) ва Акмал Неъмонов (мошини  тамғаи Опел-зефира, рақами қайди давлатиаш 2986НА01) мебошанд, ба ҷавобгарӣ кашиданд.

Тавре аз маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе   ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  як сокини  пойтахт ҳисси баланди шаҳрвандӣ нишон дода,  ба суроғаи электронии  Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар шаҳри Душанбе  навори  ҳолатҳои вайрон намудани қоидаҳои ҳаракати роҳро  аз ҷониби ронандагони мазкур   ирсол намуд. Кормандони БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе  ин муроҷиатро  мавриди баррасӣ қарор дода,  нисбат ба ин ронандагон  барои дағалона вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ  санадҳои маъмурӣ тартиб доданд.

Ёдовар мешавем, ки Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирии  қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ ва  амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа  қабули муроҷиати шаҳрвандонро тариқи  суроғаи электронӣ (rvkddushanbe@mail.ru), телефони боварӣ (+99237) 221-15-00) ва саҳифаи расмии Раёсат дар Фейсбук  «Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе» ба роҳ мондааст.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе шаҳрвандон, сокинон ва меҳмонони пойтахтро    ба ҳамкорӣ даъват менамояд. Онҳо дар сурати шоҳиди ин ё он кирдори зиддиҳуқуқӣ гардидан метавонанд  тавассути суроғаҳои  зикршуда ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.

 

АМИТ «Ховар»

Tags: