Муштзани тоҷик чемпионати ҷаҳонро бо ғалаба оғоз кард

Муштбози умедбахшу муваффақи тоҷик Шаббос Неъматуллоев аввалин сабқати худро дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс, ки айни ҳол дар шаҳри Гамбурги Олмон идома дорад, бо пирӯзӣ пушти сар намуд. Рақиби Шаббос дар вазни 81 кило варзишгари туркман Нургалди Нурдияев буд, ки ба зури бозуи муштбози тоҷик тоб наовард. Беҳтарин натиҷаи бадастовардаи Шаббос Неъматуллоев ин мақоми аввал ва нишони тилло  дар мусобиқоти  бародарон Айтеновҳо соли 2014 дар Қазоқистон, Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015, чорабинии варзишӣ  ба поси хотири Абдуалиев дар Қазоқистон соли 2015, Мусобиқаи Рафаэл Вахитов дар Қазоқистон соли 2015 ва Чемпионати Осиё миёни донишҷуён, ки соли 2016 дар Тоҷикистон сурат гирифта буд. Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқоти ҷаҳон оид ба бокс дар Олмон кишвари моро Ҷаҳон Қурбонов ва Шаббос Неъматуллоев муаррифӣ мекунанд.

ТВ Варзиш