Мусобиқаи футзал барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои хориҷӣ-2019» оғоз гардид

Бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ аз 17 то 28 сентябр дар Маҷмааи варзишии Вазорат миёни дастаҳои корпуси дипломатии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорат мусобиқаи футзал барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои хориҷӣ-2019» баргузор мегардад.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар назар аст, ки зимни мусобиқаи мазкур дастаҳои сафоратҳои муқими мамлакат, аз ҷумла, ИМА, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Покистон, Россия, Украина, Ӯзбекистон, Иттиҳоди Аврупо ва дастаҳои созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО), Ҷамъияти германии ҳамкории байналмилалӣ, ҶСП “Бонки Покистон”, инчунин ду дастаи Вазорат иштирок намоянд.

Бояд зикр намуд, ки тибқи барнома мусобиқа ҳамарӯза аз соати 17:00 то 19:00 идома меёбад.

АМИТ «Ховар»

Tags: