Н. Бордюжа: Марзи Тоҷикистону Афғонистон пойгоҳи амнияти кишварҳои СААД мебошад

Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа баъди мулоқот бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ба як барномаи ҳукуматӣ оид ба таҳкими он ниёз дорад. Ӯ таъкид кард, ки «Ин ба суботи кишварҳои мо таъсир мерасонад ва мо марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистонро ҳамчун пойгоҳи амнияти ҳамаи кишварҳои аъзои СААД баррасӣ менамоем».
«Мо ҳамчунин масъалаи таҳкими муштараки иқтидори Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор додем», — афзуд ӯ.
Николай Бордюжа ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, ки дар Ереван баргузор мегардад, гузориш дод. Хотиррасон месозем, ки айни ҳол Арманистон раисии ин Созмонро бар уҳда дорад.
Ба рӯзномаи ҷаласаи мазкур масоили фаъолгардонии муборизаи муштарак бар зидди гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ворид карда мешаванд. Интизор меравад, ки дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин стратегияи амнияти дастаҷамъӣ тасдиқ карда шавад.
Ба ғайр аз мавзӯъҳои мазкур ҷонибҳо вазъи Ховари Миёна ва Осиёи Марказиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: