Нақши Пешвои миллат дар таҳкими забони модарӣ назаррас аст

«Забон – омили ҳастии миллат»- таҳти чунин унвон дирӯз дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҳакмоиш баргузор гардид.

Дар ҳамоиш мавзӯъҳои мухталифи илми забоншиносӣ баррасӣ гардиданд.

Аз ҷумла, Абдулмуъмин Қутбиддинов, ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими забони модарӣ» иброз намуд, ки Пешвои миллат забонро рукнии асосии давлатдорӣ арзёбӣ намудааст.

«Боиси ифтихору саодати ҳар як тоҷик аст, ки имрӯз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо забони ноби тоҷикӣ аз минбарҳои баланди байналмилалӣ сухан мегӯяд. Ин сухану андешаҳои Сарвари давлат  симои Тоҷикистон дар ҷаҳон гаштаанд»,- афзуд Абдулмуъмин Қутбиддинов.

Ҳамчунин иштирокдорон дар мавзӯъҳои «Бозтоби чеҳраи устод Садриддин Айнӣ ҳамчун поягузори забони адабии тоҷик дар маводи озмунии нашрияи «Ҷумҳурият», «Мавқеи забон ва тарзи баён дар навиштор ва гуфтор» «Имконоти воҳидҳои луғавии забон дар ташаккули афкори омма» маърӯза карданд.

АМИТ "Ховар"