Намояндагони Тоҷикистон дар форуми фосилавии Рӯзи ҷаҳонии кӯдак иштирок намуданд

Бахшида ба таҷлили  30-солагии Рӯзи ҷаҳонии кӯдак таҳти сарпарастии Бунёди байналмилалии  ҷамъиятии «Zamin» дар ҳамкорӣ бо Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) форуми фосилавӣ баргузор гардид.

Тавре  аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар форуми мазкур намояндагони  шуъбаи  ҳифзи солимии кӯдакону наврасон ва рушди  малакаи волидайни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои  кӯдаки дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон иштирок намуданд.

Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои  кӯдаки дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Аҳад Содиқов   иброз дошт, ки “баргузории форуми мазкур хеле саривақтӣ мебошад, зеро ҳоло бемории COVID-19 ҷомеаи ҷаҳониро хеле нигарон намудааст ва гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, махсусан кӯдакон аз он таъсири манфӣ мебинанд”.

Номбурда иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Конвенсияи СММ  дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро ба тасвиб расонида,  дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Бояд гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешбурди ҳуқуқу озодиҳои кӯдак заминаҳои зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда шуда, дар вазорату идораҳои дахлдор сохторҳои алоҳида оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак таъсис дода шудаанд. Инчунин дар ин самт Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак ва комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пайваста фаъолият мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки 20 ноябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии кӯдак ҷашн гирифта мешавад. Созмони Милали Муттаҳид 20 ноябри соли 1989 санади муҳими байналмилалӣ — Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак қабул намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ таҳти сиёсати инсондӯстонаи Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро муҳим шуморида, соли 1993 Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдакро ба имзо расонид.

Мақсади таҷлили ин рӯз он аст, ки диққати ҳамагон ба фаъолият оид ба таъмини шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон дар тамоми ҷаҳон ҷалб карда шавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: